02
Сен 2013
Мониторинги нашрияҳои чопӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар доираи Лоиҳаи «Меъёрҳои ахлоқӣ»
Печать

Мониторинги ВАО-и чопӣ (17-24 августи с.2013):

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 113 (23250), панҷшанбе, 22 августи соли 2013:

Дар  матолиби нашршудаи шумораи мазкури «Ҷумҳурият» нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар нарасид.

 

 

«Садои мардум», (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 106( 3091), шанбе, 24 августи соли  2013:

«Садои мардум» дар ин шумораи худ бештар дар бораи масъалаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ ва вохӯриҳои Призидент, маълумот додаст. Инчунин масъалаҳои доғи рӯз ба монанди либоси ягонаи мактабӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистон ва дигар масоил аз ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар таҳлилу баррасӣ шудаанд.

Дар ин шумораи «Садои мардум», нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

«Народная газета», (Сармуҳаррир: Сироҷиддин Изатуллоев). № 39 (19904),17 августи соли 2013:

«Народная газета» шумораи мазкури худро пурра ба омодагии Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахшидааст. Дар шумораи мазкур «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудааст.

ТАВСИЯ:

Ба «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета» тавсия дода мешавад, ки дар шумораҳои оянда низ ин иқдомро пайгирӣ намоянд.

«Минбари халқ», (Сармуҳаррир: Бахтиёр Ҳамдамов). № 34 (909), панҷшанбе,  22 августи соли 2013:

Ин шумораи «Минбари халқ» низ матолиби зиёдеро дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, нашр намудааст. Дар баробари ин, маводи зиёди эҷодӣ низ ҷой дода шудааст. Дар саҳифаи 9-уми ҳафтанома зери сарлавҳаи «Касалии чаправии иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон» маводе ба нашр расидааст, ки дар баъзе маврид нақзи банди 2 ва 7 – и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба чашм мерасад.

Инчунин дар ҳамон саҳифа дар мақолаи Д.ӯрунбоев бо номи «Як бор гуфтӣ, магӯ дигар пас», низ риоя нагардидани банди 7- уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида мешавад.

ТАВСИЯ:

Аҳли эҷоди «Минбари халқ»- ро мебояд, ки дар вақти омода намудани шумора ба маводҳои аз берун меомада бештар аҳамият диҳанд. Чунки, тавре мушоҳида нишон медиҳад, риоя нагардидани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  асосан, дар чунин маводҳо бештар вомехӯрад.

 

«Омӯзгор», (Сармуҳаррир: Ноилшо Нуралиев). №34 (11895), 23 августи соли 2013:

Дар ин шумораи ҳафтаномаи «Омӯзгор»  ҳамаи маводҳо ҷолибу хонданистанд. Аммо дар саҳифаи 5 – ум дар мақолаи В.Захватов «Атовуллоев мехост давлате ҳаммонанди Афғонистон созад», ки ба қалами пажӯҳишгари Донишкадаи масоили сиёсӣ дар шаҳри Москва Комрони Ёдгор таллуқ дорад, нақзи банди 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар мерасад.

ТАВСИЯ:

Ба кормандони ҳафтаномаи «Омӯзгор» тавсия дода мешавад, ки дар вақти бознашри мавод ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  аҳамияти бештар диҳанд.

 

«Ҷавонони Тоҷикистон», (Сармуҳаррир: Самариддин Асоев). № 34 (9304), 22 августи соли 2013:

Дар шумораи навбатии «Ҷавонони Тоҷикистон» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя гардидааст.

 

«Миллат», (Муассис ва сардабир: Умарова А.М.). № 34 (415), 21 августи соли 2013:

Дар шумораи навбатии «Миллат» ба ғайр аз он, ки дар баъзе маврид, аз овардани сарчашмаи иттилоот худдорӣ шудааст, дигар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  риоя гардидааст.

ТАВСИЯ:

Барои беҳбуди кор, аҳли эҷоди «Миллат»-ро зарур аст, ки барои рафъи чунин хатоҳои ҷузъӣ кӯшиш намоянд.

 

«Asia - Plus», (Сармуҳаррир: Умед Бобохонов). №63 (848), 22 августи соли 2013:

Ин ҳафта «Asia - Plus» кӯшидааст, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя намояд.

«Озодагон», (Муҳаррир: Азизи Нақибзод). № 33 (293), 21 августи соли 2013:

Шумора ба шумора «Озодагон» ба ислоҳи хатоҳо кӯшиш менамояд. Аммо дар шумораи мазкур низ хатоҳои имлоии зиёд ба назар мерасад. Инчунин дар саҳифаи 7-ум дар маводи «Футбол: ҲНИТ ва Ҳукумат» ба кӣ дахл доштани андешаҳо ва ё аз куҷо гирифта шудани матлаб оварда нашудааст, ки ин амал аз риоя нашудани банди 14 –уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» гувоҳӣ медиҳад.

ТАВСИЯ:

Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми омода намудани матолиби шумора манбаъи иттилоот ва иқтибосҳои маводро мушаххас нишон диҳанд.

 

«СССР», (Сардабир: Сайёфи Мизроб). № 34 (259), панҷшанбе, 22 августи соли 2013:

Ҳар дафъа ба ҳафтаномаи «СССР» тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи бемайлони калимаҳои забони ғайр даст кашанд, чунки истифодаи чунин калимаҳо ҳам эҳтиром накардани забони давлатӣ асту ҳам арҷ нагузоштани забони дигар, билохира риоя накардани банди 5-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аст.

ТАВСИЯ:

Ба «СССР» тавсия дода мешавад, ки аққалан як шумораи худро бе хатоҳои имлоӣ ва калимаҳои ғайритоҷикӣ нашр намоянд ва бубинанд, ки оё аз ин корашон зарар мебинанд ё фоида?!

 

«Фараж», (Сармуҳаррир: Хуршедҷон Ниёзов). №34 (351), чоршанбе, 21 августи соли 2013:

Дар ин шумораи «Фараж» нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба чашм нарасид. Аммо хатоҳои имлоии зиёде мушоҳида шуд, ки дар вақти таҳрир ба вуҷуд омадааст.

ТАВСИЯ:

Тавсия дода мешавад, ки аҳли эҷоди «Фараж» барои рафъи хатоҳои имлоӣ кӯшиш намоянд.

 

«Самак», (Сармуҳаррир: Ҷасур Абдуллоев). № 34 (94), чоршанбе, 21 августи соли 2013:

Ин ҳафта «Самак» тавонистааст, ба талаботи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  ҷавобгӯ бошад.

 

Хулосаи ин ҳафтаинаи мониторинги ВАО, ҳамаи нашрияҳоро водор менамояд, ки дар вақти омода намудани шумора, асосан ба риояи бандҳои 2,7, 12 ва 14 –уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аҳамияти бештар диҳанд.

 

Мониторинги ВАО-и чопӣ (27-30 августи с.2013):

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 115 (23252), панҷшанбе, 29 августи соли 2013:

Дар саҳифаи 3-юми «Ҷумҳурият» мақолае бо унвони «Файзиниссо Воҳидова кист? Ё ҳуқуқшиноси ҳангомаҷӯ бо дипломи қалбакӣ», муаллифаш Бердӣ Пирмадов, муовини сардори шӯъбаи Раёсати мубориза зидди  ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, нашр шудааст, ки дар он риоя нашудани қисми аввали банди 6-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар мерасад.

ТАВСИЯ:

Ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» тавсия дода мешавад, ки дар вақти нашр намудани маводи муаллифони беруна низ ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аҳамият диҳанд.

«Садои мардум», (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 107( 3092), сешанбе, 27 августи соли  2013:

Шумораи мазкури «Садои мардум» ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ҷавобгӯ аст.

 

«Ҷавонони Тоҷикистон», (Сармуҳаррир: Самариддин Асоев). № 35 (9305), 29 августи соли 2013:

Дар ин шумораи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки ба мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии дохилию хориҷӣ бахшида шудааст, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» асосан риоя гардидааст, аммо дар саҳифаи охири ҳафтанома зери рубрикаҳои «Фароғат» ва «Оиладорӣ» матолиби нашршуда муаллиф надоранд ва маълум ҳам нест, ки аз кадом манбаъ гирифта шудаанд. Ин амал метавон гуфт, ки риоя нашудани банди 14-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

ТАВСИЯ:
Барои он, ки ҳар як шумораи ҳафтанома хонданбобу бехато нашр шавад, ба аҳли «Ҷавонони Тоҷикистон» тавсия дода мешавад, ки аз китобчаи «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», ки ба қалами профессор Усмонов И.К тааллуқ дораду Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон онро соли 2011 нашр намудааст, истифода баранд.

 

«Минбари халқ», (Сармуҳаррир: Бахтиёр Ҳамдамов). № 35 (910), панҷшанбе,  29 августи соли 2013:

Ин ҳафта «Минбари халқ» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя намудааст.

 

«Омӯзгор», (Сармуҳаррир: Ноилшо Нуралиев), №35 (11896), 30 августи соли 2013:

«Омӯзгор» шумораи навбатии худро пурра ба масъалаи соли нави таҳсил бахшидааст. Дар ин шумора нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар нарасид.

 

«Озодагон», (Муҳаррир: Азизи Нақибзод). № 34 (294), 28 августи соли 2013:

Ин ҳафта «Озодагон» дар матлаби Ҳумайрои Бахтиёр, зери сарлавҳаи «Ҳукумат эҳсоси хатар мекунад», ки дар саҳифаи 3-юм нашр шудааст, банди 4-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя накардааст. Дар ин мавод ҳарчанд, ки фикри коршиносони масоили сиёсӣ оварда шудааст, аммо дар охири мақола муаллиф ба гумон ва тахмин такя кардааст. Инчунин, дар баъзе саҳифаҳо ҳарфҳо аз матн афтидаанд.

ТАВСИЯ:

Ба «Озодагон» тавсия дода мешавад, ки  бештар ба арқому далел такя намоянд ва дар вақти таҳрир бодиққаттар бошанд.

 

«СССР», (Сардабир: Сайёфи Мизроб). № 35 (260), панҷшанбе, 29 августи соли 2013:

Ҳафтаномаи «СССР» дар ин шумора, низ хатои ҳамешагии худ, яъне истифодаи калимаҳои кӯчагӣ ва забони ғайрро давом додааст, ин амал нақзи банди 5-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Дар ин шумора аз  калимаҳое, ки зикрашон дар боло  рафт, мисол наовардем, чунки миқдорашон дар ин шумора нисбат ба  шумораҳои пешина зиёдтар буд.

ТАВСИЯ:

Тавсияи ҳамешагии мо ба «СССР» ин аст, ки барои беҳбудии кори худашон ва иффати миллию эҳтироми фарҳанги ғайр, аз истифодаи ин намуди кор даст кашанд ва ба ҷои он аз забони ноби тоҷикӣ истифода баранд.

 

«Миллат», (Муассис ва сардабир: Умарова А.М.). № 35 (416), 28 августи соли 2013:

Дар шумораи навбатии «Миллат», ки ба ҳаштсолагии он дар майдони матбуоти даврӣ, бахшида шудааст, нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд. Аммо дар бисере аз матнҳо афтидани ҳарфҳо ба назар расид, ки ин бешак ҳусни рӯзномаро мекоҳонад.

ТАВСИЯ:

Ба ҳафтаномаи «Миллат» тавсия дода мешавад, ки пеш аз ба чоп супоридани шумора, албатта бори дигар шумора пурра аз назар гузаронида шавад, то ин намуд хатоҳои ҷузъӣ, низ бартараф карда шаванд.

 

«Asia - Plus», (Сармуҳаррир: Умед Бобохонов),№65 (850), 29 августи соли 2013:

Дар ин шумораи «Asia-Plus» нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар нарасид.

 

«Фараж», (Сармуҳаррир: Хуршедҷон Ниёзов). №35 (352), чоршанбе, 28 августи соли 2013:

Шумораи инҳафтинаи «Фараж» бештар ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоии кишвар бахшида шудааст. Дар саҳифаи якуми ҳафтанома, зери рубрикаи «Андеша» матлабе бо номи «вАҲДат» омадааст, ки муаллифаш Дилшоди Абдумаҷид, дар бораи мушкилии роҳҳои дохили кишвар, андешаронӣ намудааст. Дар ин мавод дар ду ҷой ба  «гумон»-у «эҳтимол» такя карда шудааст, ки ин амал нақзи банди 4-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

ТАВСИЯ:

Ба аҳли эҷоди «Фараж» тавсия дода мешавад, ки дар вақти омода намудани мавод, бештар ба далел ва арқом такя кунанд.

 

«Самак», (Сармуҳаррир: Ҷасур Абдуллоев), № 35 (95), чоршанбе, 28 августи соли 2013:

Дар саҳифаи 10-уми «Самак» дар матлабе бо сарлавҳаи «Манам «Фабрикаи ҷавоб!!!»», дар чанд маврид риоя нагардидани банди 6-ум ва 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ба назар мерасад. Муаллифи мақола Давлат Сафар дар вақти навиштани матлаб бо эҳсос андешаронӣ намудааст.

ТАВСИЯ:

Ба кормандони «Самак» тавсия дода мешавад, ки дар вақти истифодаи маводи муаллифони беруна ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» аҳамияти бештар диҳанд.

Хулоса, ин ҳафта ВАО-и чопии кишвар, ки мавзӯи асосииашон масъалаи интихоботи дар пешистодаи призидентӣ буд, кӯшиш кардаанд, ки ҳамаи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро риоя намоянд. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар ин ҳафта фақат бандҳои 4,5,6 ва 7-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар баъзе ҳолатҳо риоя нагардидаанд. Умед аст, ки дар оянда ин хатоиҳо низ рафъ мегардад.