Недоступен ни однин перевод.

Душанбе , 3 май (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова): Имрӯз дар Кохи Вахдат бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ба муносибати рӯзи байналмилалии озодии матбуот конфронси ҷумҳуриявӣтаҳти унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар оғози нишаст раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода сухан гуфта, ба хотири гиромидошти журналистони фавтида ва ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии сухан дақиқаи хомушӣ эълон намуд.

Дар нишаст иштирокдорон дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла «Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон», «Мушкилоти гузариш ба пахши рақамии телевизион дар Тоҷикистон» «Проблемаҳои қонунгузорӣ ва қазияҳои судии ВАО- и мустақил» «Масъалаҳои ҳуқукии ВАО дар маъракаи интихоботҳо ва дигар мавзуъҳо мубоҳиса карданд

Дар охири конфронс ба як гуруҳ журналистони маъруфи кишвар ҷоизаю мукофотҳо тақдим гардид.