Недоступен ни однин перевод.

Вокуниш

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ва баъд аз он дар ин кишвар беш аз 70 рӯзноманигор кушта шуданд

Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон ба сардабирони нашрияҳои ин кишвар пешниҳод кардааст, ки ба хотири гиромидошт аз рӯзноманигорони фақид, як сарфасли нашрияҳоро дар ҳафтаи оянда холӣ бигузоранд.

Ин соҳаи холӣ дар саҳифаи нашрияҳо баёнгари он хоҳад буд, ки рӯзноманигоре, ки дар солҳои қабли ба қатл расидааст, наметавонад, имрӯз матлаби худро дар ин нашрия мунташир созад.

Масъулони ин шӯро, ки масъулияти баргузории иқдоме таҳти номи "Рӯзи матбӯъоти озод"-ро бар уҳда гирфтаанд, мегӯянд, ки ин онро низ ба муносибати ин рӯз, ки мусодиф ба 3-май аст, ихтисос медиҳанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси ин Шӯро гуфт, ки ҳамчунин ба тамоми расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои давлатӣ ва ғайридавлатии родию ва телевизюнҳо пешниҳод шудааст, ки дар ин рӯз як ба эҳтироми рӯзноманигороне, ки дар Тоҷикистон дар роҳи озодбаёнӣ қурбон шудаанд як дақиқа сукут риъоят шавад.

Оқои Шарифзода рӯзи чаҳоршанбеи 25 апрел ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо ҳамчунин тасмим гирифтем, ки дар робита ба ин рӯз дар Тоҷикистон кунфаросе баргузор кунем. Дар ин ҳамоиш гузоришҳое дар мавриди паҳлӯҳои мухталифи вазъи озодбаёнӣ дар Тоҷикистон шунида хоҳанд шуд. Ҳамчунин беш аз 100 ширркаткунандаи ин кунфаронс дар ин робита ба ин масъала мубоҳисот анҷом хоҳанд дод.”

Оқои Шарифзода мегӯяд, ки дар ин нишаст чаҳор паҳлӯи масъалаи озодбаёнӣ, яъне масоили ахлоқи рӯзноманигорӣ, қонунгузорӣ, вазъи иқтисодии расонаҳо ва мушкилоти гузариш ба бахши рақамии телевизюнҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Раиси Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки барнома ба ифтихори "Рӯзи матбӯъоти озод"-ро Шӯро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои мустақили рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Рӯзи 3-май аз соли 1993 бад-ин сӯ ба унвони "Рӯзи матбӯъоти озод" дар тамоми нуқоти ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст.

Гиромидошт аз рӯзноманигорони фақиди тоҷик дар “Рӯзи матбӯъоти озод” ба ин хотир будааст, ки далоили аслии ба қатл расидани аксари хабарнигорон дар ду даҳаи ахир дар Тоҷикистон фаъъолиятҳои ҳирфаии онҳо унвон шудааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ва баъд аз он дар ин кишвар беш аз 70 рӯзноманигор кушта шуданд.

ВВС- Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 25 Апрел, соли 2013 - 14:02: