24
Ноя 2015
Дар Тоҷикистон боз 2 шабакаи нави телевизионӣ фаъол мешавад
Печать

То фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ - “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон 24-уми ноябр иттилоъ медиҳад, ки фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таини директорони ин шабакаҳо имзо шудааст.

Хуршед Файзуллозода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таин шудаанд.

 

Вазифаи директори “Академияи васоити ахбори умум” бар ӯҳдаи Зиннатуллоҳ Исмоилзода вогузор шудааст.

Дар назар аст, ки Академияи ВАО моҳҳои наздик ба кор шурӯъ намояд. Дар ин муассиса бозомӯзии кормандони ВАО  асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ба роҳбарони ду шабакаи телевизионии ба тозагӣ таъсисёфта-телевизионҳои “ТВ-Варзиш” ва”ТВ-Синамо” супоришҳои мушаххас додааст. Аммо дафтари матбуоти Президент дар бораи ин супоришҳо аз ин зиёд шарҳе нашр накардааст.

TojNews