Қисмате аз фурӯшандагони нуқтаҳои рӯзномафурӯшии бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят аз он мекунанд, шурӯъ аз субҳи имрӯз кушодани нуқтаҳои рӯзномафурӯширо ба онҳо иҷозат намедиҳанд.

Дар ин хусус як рӯзномафурӯш аз Турсунзода ба faraj.tj хабар дода гуфт, ки аз субҳи имрӯз инҷониб ба онҳо иҷозат намедиҳанд, то рӯзномаҳояшонро ба фурӯш гузоранд.

- Аз субҳи имрӯз инҷониб ба мо иҷозат намедиҳанд, ки нуқтаҳои рӯзномафурӯшиамонро кушоем. Ман имрӯз соати 5 субҳ аз шаҳри Душанбе қариб 2 ҳазор рӯзномаву маҷалла овардам, вале дӯконро мӯҳр заданд.То ин дам зиёда аз 350 нафар харидори нашрияву маҷаллаҳо ба мо муроҷиат карданд, вале мо дигар илоҷ надорем, -афзуд манбаъ.

Манбаъ омили бастани дӯконҳои рӯзномафурӯширо дар ба дасти коррупсия афтодани Баҳром Саидов, лоиҳасоз, ки онҳо бо қарори баровардаи ӯ фаъолият мекардаанд, медонад: «Қароре, ки аз ҷониби Баҳром Саидов, лоиҳасоз дар мавриди дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ қабул гардида буд, бо сабаби ба дасти коррупсия афтоданаш хамаи дӯконҳое, ки ба ӯ тааллуқ доранд, мӯҳр задаанд».

faraj.tj