Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ даъват намудааст, ки аз нашри матолиби марбут ба ҲНИТ даст кашанд.

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, “раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд”.  Ин ниҳод изҳор доштааст, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил ё дастгирӣ намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад: “Далелҳо тасдиқ намуданд, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани дахлнопазирӣ, тамомияти марзӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита Суди Олии Тоҷикистон 29 сентябри соли ҷорӣ қарор оид ба эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ, боздоштани фаъолияти он ва барҳам додани онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қабул кард”. 

Вазорати умури хориҷӣ дар охири муроҷиаташ бо изҳори эҳтиром ба ВАО-и хориҷӣ таъкид намудааст, ба ҳамкории судманд дар оянда умедвор аст.

Ozodagon