Аз ин ба баъд нашрияҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо шакли нав ба чоп мерасанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, аз соли нав нашрияҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» бо андоза (формат)-и А-1 ба табъ хоҳанд расид.

Сардабири нашрияи «Ҳақиқати Суғд» Карими Шариф дар ин робита изҳор намуд, ки ин навгонӣ бо пешниҳод ва дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳандозӣ шудааст. «Бо гузариш ба андозаи нави чоп сифат ва тартибу ороиши нашрия хеле беҳтар шуд», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки теъдоди умумии нашри се рӯзномаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беш аз 11 ҳазор нусхаро ташкил дода, теъдоди нашри рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз ҳама бештар мебошад, ки се маротиба дар як ҳафта  6 ҳазору 120 нусха ба чоп мерасад.

Мавлуда Рафиева, Asia-Plus