Ширкатдорони Маҳфили мубоҳисавӣ, ки имрӯз дар толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, бо ибтикори идораи рӯзномаи «Минбари халқ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Медиа Консалтинг» бо дастгирии молии Намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон баргузор гардид, перомуни ин мавзӯъ баҳс намуданд.

Барандаи мубоҳиса, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар зимни ифтитоҳи нишаст, ҳадафи мубоҳисаро дарёфти роҳу шеваҳои ташаккули имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тавассути ВАО арзёбӣ намуд.

Яке аз муассисони дигари маҳфил, роҳбари ТҶ «Медиа Консалтинг» Набӣ Юсуфов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба таҳоҷуми иттилоотии баъзе аз кишварҳои минтақа ба фазои иттилоотии Тоҷикистон, халалдор шудани имиҷи кишвар бо иттилоотиғаразноки ВАО-и хориҷӣ, ба хусус расонаҳои электронии Россия, ҷалб намуд.

Роҳбари ТҶ «Бозтоб», рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар гузориши хеш «Мушкилоти сохтани имиҷи Тоҷикистон дар матбуотихориҷӣ», бо такя ба иқдомоти давлатҳои ҷаҳон ва минтақа баҳри баҳри баланд бардоштани имиҷи хеш, таъкид намуд, ки дарТоҷикистон бо вуҷуди таъкиди чандкаратаи Президенти мамлакат, мутаассифона, Марказ ва ё ниҳоди махсусе ба хотириташаккул додани имиҷи давлату миллат, фаъолият надорад. Ба ақидаи ӯ, шахсиятҳои алоҳидаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар метавонанд барои боло бурдани симобу обрӯи байналмилалии Тоҷикистон хизмат кунанд, вале ниҳодҳои ҳукуматӣ, тиҷоратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бояд зарфияту имконоти ақлонии онҳоро ҳадафмандона роҳбаладӣ ва маблағгузорӣ намоянд.

Мушовири калони Президенти ҶТ Муҳаммадшариф Бобошоев дар зимни суханронӣ зикр намуд, ки ду омил ё тарзҳои имиҷсозӣдар ҷаҳони имрӯза маъмул аст, ки яке имиҷи кишвареву миллате аз назари дигарон ва дигар, имиҷи миллате аз назари худи миллат. Дар раванди омили аввала, ВАО-и хориҷӣ дар нисбати Тоҷикистон аз ду мавқеъ муносибат доранд: ВАО-и як қисми кишварҳои хориҷӣ ба кишвари мо назари хайрхоҳона доранд, ВАО-и қисмати дигари кишварҳои ҷаҳон ба мо аз равзанаиғаразнок муносибат доранд. Дар чунин ҳолат, журналистон ва кормандони ниҳодҳои чӣ ҳукуматӣ ва чӣ ҷамъиятии Тоҷикистон, дар қиболи матолиби пуғарази расонаҳои хориҷӣ бояд бо назардошти авлавияти манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон муносибат намоянд.

Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Қироншоҳи Шарифзода, ки дар мавзӯи «Нақши расонаҳои миллӣ дар ташаккул ва муаррифии имиҷи Тоҷикистон» сӯҳбат мекард, имиҷ ва ё симозозии кишварро бо амнияти иттилоотии он тавъам ҳисобида, гуфт, ки мутаассифона, имконоту зарфияти ВАО-и кишвар дар рӯбарӯи таҳоҷуми иттилоотии  кунунӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, қудрати ҳамвазнӣнадоранд.

Ба ақидаи Шарифзода, имрӯз мавзӯъҳои мардикорон, нашъаҷаллобӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, варзиш, фарҳанги миллӣ, аз масъалаҳои мубрами муайянкунандаи имиҷи Тоҷикистон гардидаанд, ки ҳар кадом дар ВАО-и ватанӣ мавқеи муайян доранд, вале тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ кам инштишор шудани матолиби дар сатҳи касбӣ иншошуда бо забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, таъсиргузории онҳоро барои хориҷиён мекоҳонад. Аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки Марказе ба хотири омӯзонидани ВАО-и чандрасонаӣ бо таълими журналистикаи касбӣ ва илми геополитика, таъсис дода шавад.

Odob.tj