Суди шаҳри Душанбе даъвои назоратии рӯзномаи «Имрӯз-News» ва сармуҳаррири он Назири Нусратро оид ба бекор кардани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Суди шаҳри Душанбе рад кардааст. Дар ин бора хабаргузории TojNews иттилоъ додааст.

Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News», ба хабаргузорӣ гуфтааст дирӯз ба шикояти онҳо, ки ҳанӯз моҳи июл фиристода буданд, ҷавоби рад гирифтаанд.

Назири Нусрат дар як сўњбати телефонї ба Odob.tj бо таъйиди ин хабар гуфт, ки  “таъиноти мазкур рўзи 19-уми август бо имзои судяи Суди шаҳри Душанбе Қосимов бароварда шудааст. Дарвоќеъ, Суди шаҳри Душанбе шикояти моро аз болои ҳамин ҳукм низ рад карда буд. Вале мо тасмим дорем, ки ба зинаҳои болотари судӣ шикоят барем».
Ёдрас мешавем, ки  Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои «паст задани шаъну эътибор» дар мақолаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рӯзномаи «Имруз News»-ро ба љуброни зарари маънавӣ дар њаљми 50 ҳазор сомонӣ ва расман узр пурсидан аз Рустам Ҳукумов, водор намуда буд.

Odob.tj