Мониторинги ВАО

Мониторинги сомонаҳои электронӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» дар доираи Лоиҳаи «Меъёрҳои ахлоқӣ» ( 26 октябр 3 ноябри с. 2013)

Дар матлаби «Бозпурсии Амонулло Ҳукумов барои садамаи писари ноболиғаш», ки дар сомонаи ozodagon.com 26 октябри  2013, 17:49 ба нашр расидааст, (http://www.ozodagon.com/13116-bozpursii-amonullo-ukumov-baroi-sadamai-pisari-noboliash.html) дар бораи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон оид ба бозпурсии Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вобаста ба садамаи шаби 9-уми октябр, ки бо иштироки писари 16-солааш Расули Амонулло сар задааст, сухан меравад.

Муфассал...
 

Мониторинги нашрияҳои электронӣ дар мавриди риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» ( 17 25 октябри с. 2013):

Дар сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» 17 октябр матлабе таҳти унвони «Патриотизм ва журналисти тоҷик» нашр шудааст, ки муаллифи он Шарафҷони БИЛОЛ мебошад.

( http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11865)

Дар ин матлаб аслан мавзӯи ватандӯстӣ дар байни тоҷикистониён, аз ҷумла журналистони тоҷик, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар нигоҳи аввал муаллиф ба мавзӯи хеле муҳим даст задааст, аммо дар ин миён умумигӯиҳои зиёд ба мушоҳида мерасад ва ба ин тартиб, ҳамаи журналистон ва нашрияҳоеро, ки аз тариқи грантҳои созмонҳои байналмилалӣ кор мекунанд, ба хиёнаткориву ватанбезорӣ муттаҳам мекунад. Аз ҷумла вақте муаллиф менависад:

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ ( 19 - 25  ноябри  с. 2013):

«Ҷумҳурият»,(Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 152 (22-289) ,  панҷшанбе, 21 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Ҷумҳурият» дар саҳифаҳои худ силсилаи фармонҳои президенти мамлакат, Тавзеҳот ба фармони Президенти ҶТ «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», як шеър ва чанд матлаби дигарро ба чоп расонидааст, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя шудаанд.

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ ( 12 –18  ноябри  с. 2013):

«Ҷумҳурият»,(Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 148 (22-285),  сешанбе, 12 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Ҷумҳурият» «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя кардааст.

«Садои мардум», (Сармуҳаррир: Ҷумъахон Наботов). № 145 (3130), панҷшанбе, 14 ноябри соли  2013:

«Садои мардум» дар шумораи мазкур панҷ Қонун ва даҳ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мукаммал дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ва эълону рекламаҳоро нашр намудааст, ки дар онҳо нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ ( 2 – 8 ноябри  с. 2013):

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 145 (22-282),  шанбе, 2 ноябри соли 2013:

Ин ҳафта «Ҷумҳурият» бо нашр намудани як мақола бо номи «Ёрони вафодор», ки муаллифаш Шамсиддини Нурулҳақ аст, «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро нақз намудааст.

Дар ин матлаб муаллиф номаи аъмоли мухотабони худро бо алфози дурушт шарҳу эзоҳ додааст, ки мухолифи бандҳои 5 ва 9-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер