Мониторинги ВАО

Мониторинги ВАО-и электронӣ (15 сентябр -04 октябри с.2013):

Таҳлили индафъаинаи матолиби нашршуда дар сомонаҳои интернетӣ низ бештар ба масоили марбут ба маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи пешорӯи президентӣ иртибот мегирад. Аз ин нуқтаи назар, бештари матлабҳои нашршуда ё ба нерӯҳо ё ба шахсиятҳои сиёсӣ дахл доранд. Пешопеш мегӯем, ки дар матлабҳое, ки аз назари мо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» халалдор шудаанд, ба сомонаҳои марбут ба ҳукумат ё ҲХДТ робита доранд. Дар сомонаҳои ғайриҳукуматӣ ва ҳизбҳои дигар (аз ҷумла ҲНИТ ва ҲСДТ), мо чунин ҳолатҳоро айни замон вонахӯрдаем.

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ (30 сентябр - 4 октябри  с. 2013):

«Ҷумҳурият»,(Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 129 (22-266),  сешанбе, 1 октябри соли 2013:

Ин шумораи «Ҷумҳурият» ба сафар ва суханронии президенти мамлакат дар баъзе аз ноҳияҳои атрофи пойтахт ва вилояти Хатлон бахшида шудааст. Инчунин дар гӯшаи хабарҳо 11 хабари кӯтоҳ аз ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар оварда шудааст, ки дар онҳо «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нақз нагардидаанд.

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ (06.09 - 19.09. с.2013):

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 121 (22-258) ,  ҷумъа, 6 сентябри соли 2013:

Дар ин шумораи «Ҷумҳурият» дар саҳифаи 3-юм зери рубрикаи «Памфлет» матлабе бо сарлавҳаи «Қозӣ Шурайҳ – тимсоли қозӣ Тӯраҷонзода», ки муаллифаш Шаҳриёри Беназир мебошад, ҷой дода шудааст, ки дар он бандҳои 2,3,6,7,8 ва 9-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нақз гардидаанд.

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и электронӣ (сомонаҳо):

Давраи мазкур пас аз пахши Муроҷиатномаи Шӯрои ВАО ба хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ дар мавриди авҷ гирифтани маъракаи пешазинтихоботӣ ва эҳтимоли шиддат ёфтани матлабҳои эҳсосотӣ аз тариқи ВАО – ро дар бар мегирад. Мӯҳтавои матлабҳои ин давра низ нишон медиҳад, ки дар ин давра бештар сомонаҳои интернетии ҳукуматӣ ба нақзи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бештар даст задаанд. Аз ҷумла, матлаби «Файзинисо Воҳидова кист? ё ҳуқуқшиноси ҳангомаҷӯ бо дипломи қалбакӣ», ки дар сомонаи расмии нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» нашр шудааст (http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=11575).

Муфассал...
 

Мониторинги ВАО-и чопӣ  (4 -16-и сентябри с. 2013):

«Народная газета» (ба забони русӣ), (Сармуҳаррир: Сироҷиддин Изатуллоев). № 41 (19907), чоршанбе, 4 сентябри соли 2013:

Дар ин шумораи «Народная газета» нақзи бевоситаи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мушоҳида нашуд.

«Ҷумҳурият», (Сармуҳаррир: Муҳаммад Ғоиб). № 117-118 (23254-255) , ҷумъа, 6 сентябри соли 2013:

Ин шумораи муштараки «Ҷумҳурият» ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар саҳифаи 3-юми ин шумора маводе бо унвони «Офтобро ҳусн офаридгор аст», ки ба қалами нависанда Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод тааллуқ дорад, дар ҷое банди 6-уми «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» риоя нашудааст.

Муфассал...
 
«НачалоПредыдущий123ДалееКонец»
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер