Мониторинги ВАО

Нахуст: Мониторинги Шўрои ВАО таҷрибаи мусбат аст. Зеро, ҳарчанд он аз тарафи 1 нафар узви Раёсат гузаронида мешавад, (яъне субъективист), дар асл барои риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» журналистонро масъулиятшинос мекунад ва ҳам соҳибрасонаҳоро дар роҳи татбиқи ин меъёрҳо водор месозад.

Баъдан: Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки журналистони тоҷик торафт барои ба меъёрҳои байналмилалӣрасонидани журналистикаи тоҷик ва фаъолияти расонаҳо талош доранд, Ин ҳам яке аз омилҳои таъсири мусбати Мониторинг аст (ҳарчанд расман эътироф намекунанд).

Муфассал...
 

Мониторинг:  Январ-феврали соли 2016

Мониторинги риоя шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»  дар муҳтавои баъзе нашрияҳои чопии кишвар, январ-феврали  соли 2016, ки аз ҷониби Шўрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мавриди назар қарор гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки то андозае идораи нашрияҳо  меъёрҳои ахлоқии касбии худро  риоя намуда, дар баёни матолиби худ  нафосати баёнро нигоҳ доштаанд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки вайрон гардидани бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» бештари вақт дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, хоса интихоботи президентиву парлумонӣ ба назар мерасанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки дар нашрияҳо матолибро аз номи муаллифони ношинос ё начандон шинос ва дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ ба нашр мерасонанд. Таҳлили матолиби нашршудаи нашрияҳои чопии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон нишон медиҳанд, ки вайрон гардидани ин талабот, хоса дар шакли бисёр дағал вайрон шудани онҳо, камтар ба назар мерасанд.

Муфассал...
 

Мониторинги матолиби ҳафтаномаҳо (13-14  августи  2014):

“Нигоҳ”,  (№ 21 (403), 13.08. 2014):

Шумораи умумии аксҳо: 27. Мардон -18, занон-2, якҷоя – 2.

Арзёбии аксҳои ҳам мардону ҳам занон  мусбат ва муодил  (нейтрал) аст.

Сарлавҳаҳо: шумораи умумӣ: 22. Бо номи мардон -5, бо номи занон -0, ишора ба ҷинс – 0.

Арзёбӣ: Сарлавҳаҳо тобиши мусбат, муодил ва аксаран манфӣ доранд. Масалан,   сарлавҳаҳои: «Сўхт» - и стратегӣ», «Камикадзе», «Академик: «Моро  «зиндабагўр» карданд», «Серро чӣ парвои гурусна!» маводҳои таҳлилӣ буда, тобиши манфӣ доранд.

Муфассал...
 

Мониторинги матолиби сомонаҳои интернетӣ (11 - 16 августи 2014):

www.ozodi.tj  “Озодӣ”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  65 мавод интишор намудааст. Маводҳо ҳам аз хабар ҳам аз мақолаҳо иборатанд.

Муфассал...
 

www.ozodagon.com “Озодагон”:

Сомонаи мазкур дар давоми ҳафта  91 мавод интишор намудааст.

Шумораи умумии аксҳо: 140. Дар аксҳо дар 78 маврид мардон, дар 13 маврид занон, дар 15 ҳолат якҷоя тасвир  шудаанд.

Ҳам мардон ва ҳам занон мусбат тасвир шудаанд.

Сарлавҳаҳо: Дар 43 сарлавҳа номи мард, дар 4 сарлавҳа номи зан, дар 2 ҳолат ишора ба ҷинс омадаст.

Муфассал...
 
«НачалоПредыдущий123ДалееКонец»
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер