Фаъолияти Шӯро

Шарифзода Қироншоҳ,

раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

(Суханронӣ дар Машварати САҲА оид ба Меъёрҳои рушди инсонӣ, Душанбе, 02 июли с.2013).

 

Меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ: дастовард ва дурнамо

Раёсати мӯҳтарам,

Ҳамкасбони гиромӣ,

Бонувон ва ҷанобон!

Бо арзи сипос аз даъвати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба маҳфили имрӯза, лозим ба таъкид медонам, ки баргузории нишастҳои ҳамасолаи Машварати Меъёрҳои Рушди инсонӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон ва баррасиҳои мушаххаси проблемаҳои мавҷуда бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон, барои ислоҳ ва такмил ёфтани равандҳои демократии  рушди Тоҷикистон такони ҷиддӣ медиҳанд.

Тавре қайд гардид, аз 8 банди Тавсияҳои нишастҳои се соли охир оид ба “Дастрасӣ ба иттилоот ва озодии баён” танҳо як бандаш (б.8) - “ворид намудани меъёре ба қонунгузорӣ, ки дастрасии иттилоотро аз мақомоти давлатӣ дар зудтарин мӯҳлат имконпазир месозад” ба пуррагӣ иҷро шудаасту бас.

Муқаррароти 2 банди Моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар таҳрири нав (аз 19 марти с.2013), ки дарвоқеъ, дар раванди қариб сесолаи таҳриру таҳияи он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (Қаршибоев Нуриддин – НАНСМИТ ва Шарифзода Қироншоҳ – ТҶ “Журналист”) низ ширкат доштанд, масъалаи мазкурро ба меъёри мушаххас ворид намудааст:

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

“... 3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.

4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд”.

Гуфтан метавон, ки имрӯз барои фаъолияти озоди ВАО дар Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам омада, принсипи худтанзимкунӣ торафт мавқеъ пайдо мекунад.

Ҷомеаи журналистӣ пас аз баҳсу мунозираҳои зиёд, 30 октябри соли 2009 санади худтанзимкунии “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро таҳия ва қабул намуд ва ба хотири танзими риояи он ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои ВАО-и ҶТ-ро таъсис дод. Шӯрои ВАО-и ҶТ дар Вазорати адлияи ҶТ ба баҳси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, таҳти №1254  сабти ном шуда, соли чорум аст, ки фаъолият дорад.

“Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” 17 банд меъёрҳои ахлоқи касбиро фаро гирифта, ба рушди озодии сухан ва устувор гардидани журналистикаи босифат равона гардидааст.

Фаъолияти беш аз сесолаи  Шӯрои ВАО-и ҶТ нишон медиҳад, ки татбиқи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ба ҳайси механизми принсипи худтанзимкунӣ, баҳри баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони ВАО, пешгирӣ кардани баҳсҳои судии миёни журналистон, редаксияҳо ва даъвогарони эҳтимолӣ, нақши муассир метавонад бозад. Гуфтан басанда аст, ки панҷяки шикоятҳои дар Шӯрои ВАО баррасишуда бо натиҷаи то суд нарафтани даъвоҳо анҷом ёфтанд. Ёдрас бояд шуд, ки дар Шӯрои ВАО соле ба ҳисоби миёна 60 муроҷиат ба қайд гирифта мешавад, ки 20-тои онҳо шикоят аз халалдор шудани “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”  мебошанд.

Вале дар самти фаъолияти пурсамари Шӯрои ВАО баҳри татбиқи принсипҳои худтанзимкунӣ чанд мушкиле пешорӯ дорем:

- Огоҳии пурра надоштани ВАО-и минтақаҳо ва мақомоти маҳаллии давлатӣ аз “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ва фаъолияти Шӯрои ВАО;

- Таваҷҷӯҳи ками ВАО-и ҳукуматӣ ба тадбиқи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”;

-   Бе иҷозати мақомоти «болоӣ» ба муколама ва ҳамкорӣ ҳозир набудани сохторҳои ҳукуматӣ, махсусан сохторҳои қудратӣ ва мақомоти судӣ.

Вазъи воқеии истифода аз озодиҳои кафолатдодаи қонун дар фаъолияти журналистон ва ВАО-и мустақил чӣ гуна аст?

Кӯшиш мекунем, ин масъаларо дар партави баҳсҳо ва қазияҳои судии нашрияҳои мустақили “Пайкон”, “Фараж”, “Азия-плюс”, “Озодагон”, “Миллат”, «Имрузньюс», дар тӯли солҳои охир баррасӣ намоем.

Ҳуқуқ ба дастрас намудани иттилоот

Ҳуқуқ ба дастрас намудани иттилоот ва интишор додани он аз ҳуқуқҳои аслии инсон буда, дар моддаи 19-и «Эъломияи Ҷаҳонии ҳуқуқи башар» (10 декабри с.1948) возеҳ зикр шудааст ва дар як силсила ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ,  аз ҷумла дар «Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ» (аз 16 декабри соли 1966), дар Эъломияи муштараки СММ ва ЮНЕСКО «Дар бораи рушди ВАО-и мустақил ва гуногунандеш» (13 сентябри соли 1997) низ таъкид ёфтаанд. Ин ҳуҷҷатҳо давлатҳои аъзои ин созмонҳоро водор месозанд, ки дар кишварҳои худ дар фаъолияти ҳаррӯзаи ВАО ҳуқуқи шаҳрвандон ва воситаҳои ахборро ба дастрас намудан ва интишор додани иттилоот риоя намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пайравӣ аз арзишҳои демократиро эълом доштааст, низ ин гуна ҳуқуқҳо кафолат дода шудаанд. Моддаи 30-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора кафолати конститутсионӣ дорад. Қонунҳои ҶТ, аз ҷумла Кодекси граждании ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (моддаҳои 3, 23,24,28), Қонуни ҶТ «Дар бораи ТВ ва радиошунавонӣ» (м. 20), Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот» (м.м. 4,8,25), Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоотонӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», Қонуни ҶТ «Дар бораи сирри давлатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама», ин меъёри конститутсиониро бар асос гирифта, дар моддаҳои алоҳида ҳуқуқ ба дастрас намудан ва интишор додани иттилоотро ба таври мушаххас муқаррар намудаанд.

Ҳарчанд дар қ.2-и м.23-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» равшан муқаррар гардидааст, ки “Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд”, аз ҷониби хадамоти мониторинги НАНСМИТ дар тӯли 6 моҳи гузаштаи соли 2013 вобаста ба пешниҳоди иттилоот, 3 ҳолати қонунро риоя накардани ниҳодҳои давлатӣ ба қайд гирифта шудааст:

1)     Пешниҳод нашудани маълумот дар бораи буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба рӯзномаи “Азия-плюс” аз ҷониби Вазорати молияи ҶТ;

2)     Пешниҳод нашудани маълумот дар бораи буҷети яксолаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз ҷониби Вазорати молияи ҶТ;

3)     Пешниҳод нашудани маълумот дар бораи теъдоди корхонаҳои солҳои охир сохташуда ва иқтидори иқтисодии онҳо аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба рӯзномаи “Азия-плюс”.

Вазъи қонунтадбиқкунӣ

Имрӯз масъалаи ташвишовар на камтар аз бознигарии қонунҳо вобаста ба фаъолияти Воситаҳои ахбори омма, вазъи қонунтадбиқкунӣ, ба хусус дар фаъолияти судҳо, низ мебошад.

Барои далел намунаи тозаи қазияи судии рӯзномаи «Имруз ньюс»-ро бо даъвои шаҳрванд Рустам Ҳукумов ёдовар мешавем.   Рустам Ҳукумов – фарзанди мансабдори воломақом Амонулло Ҳукумов, барои нашри мақолаи “Боқиев ва Ҳукумов дарди сари падарон шуданд” дар саҳифаҳои «Имруз ньюс» (16 октябри с.2012), бо даъвои пардохти ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ (қариб 10 ҳазор доллари ИМА) рӯзномаро ба суд дод. Дар мурофиаи судии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, бо вуҷуди ваҷҳи пешовардаи редаксияи нашрия дар бораи аз ВАО-и Россия баргирифтани қиссаи ҳукми судӣ гирифтани Р.Ҳукумов ва вобаста ба қазияи лётчикҳои русу эстон Виктор Садовничий ва Андрей Руденко, озод шудани ӯ, ба инобат гирифта нашуд. Гузашта аз ин, мурофиаи судии мазкур паси “дарҳои пӯшида” барои журналистон, яъне ба шакли пӯшида гузашт. Ҳол он ки тибқи мукаррароти қонунгузориҳои мурофиавӣ, аз ҷумла м. 11-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМГҶ ҶТ) муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ ва дигар асрори қонунан маҳфуз, гузаронида мешавад.

Қазияи судии солҳои охир, бо вуҷуди ташвишу саргардонию саргармиҳояш, ҷиҳатҳои омӯзанда низ дорад.

Қабл аз ҳама, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва мансабдорони онҳо кӯшиши на бо роҳу усулҳои ғайриқонунӣ, балки аз тариқи суд ба баррасӣ кашидани баҳс бо матбуоти даврӣ дар умум, падидаи хоси фаъолият дар ҷомеаи демократист. Вале қадамҳои минбаъдаи баҳсҳои судӣ бо истифодаи шеваю усулҳои хоси мансабсолорӣ, ки баробарии ҷонибҳоро дар суд зери суол мебарад, тарафи дигари масъала аст, ки оганда бо изтироб мебошад.

Нуктаи ташвишовари масъала ҳамоно дар ноадолатии муқаррароти қонунҳо гиреҳ мехӯрад, ки манфиати мақомоти иҷроияи давлатӣ ва мансабдорони онҳо аз манфиати шаҳрвандон ва ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ болотар ифода ёфтаанд.

Ҷиҳати дигари баҳсноки қазияҳои судии нашрияҳо, аниқтараш даъвоҳо дар нисбати онҳо, аз як тараф номукаммалии қонунҳоро айён намояд, аз тарафи дигар, шояд муҳимтар, муносибати нодурусти судяҳоро ҳангоми баррасии парвандаҳо бозгӯ мекунанд.

Бубинем, дар қазияҳои “Пайкон”, “Фараж”, “Азия-плюс”, “Озодагон”, “Миллат”, даъвоҳо аз “дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ” маншаъ мегиранд, ки дар банди якуми моддаи 135-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1998) сабт шудааст.

Боис ба таъкид аст, ки дар қазияҳои мазкур ҳафтаномаҳо маълумотҳоро дидаю дониста, бардурӯғ паҳн накардаанд, ақаллан барои он ки он навиштаҳо маҳсули эҷоди журналистон набуда, балки дар ҳолати “Пайкон” муроҷиати хаттии гурӯҳи соҳибкорон аст, дар ҳолати “Миллат” аз нишасти матбуотии Агентии мубориза бо коррупсия дастрас гардидааст, дар ҳолати “Фараж”, “Азия-плюс” ва “Озодагон” Изҳороти хаттии адвокат С.Ҷӯраев мебошад.

Саволҳое ба миён меояд, ки оё судҳо (судяҳо) ин ҳолатҳоро ба назар гирифтаанд?

Аввалан, даъвогарон оё ба  нашрияҳо фурсату имкон доданд, ки дурустии чунин маълумотро (дар ҳолати нодурустии онҳо) ба исбот расонанд?

Оё судяҳои мӯҳтараме, ки масъули баррасии парвандаҳои ҳафтаномаҳои “Пайкон”, “Фараж”, “Азия-плюс”, “Озодагон” ва  “Миллат” буданд, ин муқаррароти қонунро ба инобат гирифтанд?

Гузашта аз ин, ҷавоби “ҷабрдидагон”- судяҳо дар “Фараж”, “Азия-плюс” ва “Озодагон” ба табъ расида буд, ки ҷавобгӯ ба талаботи банди чоруми моддаи мазкур аст.  Дарвоқеъ, “Пайкон” низ омодагиашро ба чопи ҷавоби “Тоҷикстандарт” изҳор дошта буд.

Албатта, шаъну шараф, эътибори корӣ тибқи муқаррароти моддаи 170-и Кодекси граждании ҶТ (1999), ба номгӯи неъматҳои моддӣ шомил шуда, ҳифзи ин неъматҳо дар ҳимояи қонун ҳаст. Вале имконоти фароҳамовардаи қонунҳо дар нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (даъвогарони эҳтимолӣ) ва паҳнкардагони маълумоти шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрванд ва ҳам шахси ҳуқуқиро пастзананда, аз ҷумла аз тариқи воситаҳои ахбори омма (ҷавобгарони эҳтимолӣ), мутаассифона, баробар нест.

Муқаррароти банди 2-юми моддаи 174-и Кодекси граждании ҶТ - “агар маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст  мезананд, аз тариқи воситаҳои ахбори умум паҳн гардида бошад, онҳо бояд дар  ҳамон воситаҳои ахбори умум бемузд рад  карда шавад” ва банди чоруми моддаи мазкур “талаби шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро дар мавриди нашри раддия ё ҷавоб дар воситаҳои ахбори умум дар сурате суд баррасӣ мекунад, ки мақоми ахбори умум  нашри онро рад кунад, ё дар давоми як  моҳ нашр  накарда ва ё барҳам дода шуда бошад”, ҳуқуқи шаҳрвандонро барои раддия дар воситаҳои иттилооти омма тақвият дода, ҳамзамон масъулияти ВАО-ро дар интишори иттилоот боло мебарад.

Дар ҳамин ҳол, банди 6-и моддаи мазкур тавозуни масъулияти ҷонибҳоро бар зарари ВАО (паҳнкунандаи маълумот) халалдор месозад. Яъне, чунин менамояд, ки ВАО бар замми раддия чоп кардан (эътирофи саҳлангорӣ дар паҳн кардани маълумот), зиёни маънавиро низ бояд ҷуброн намояд.

Чунин имконияти қонунӣ дар аксари ҳолатҳо даъвогаронро барои соҳиб шудан ба маблағи калон  умедвор намуда, новобаста аз сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, бе асосноккунии даъво, сӯи суд раҳнамун месозад.

Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ

Азбаски андозаи ҷуброни зарари маънавии талаб намудаи Агентии  “Тоҷикстандарт” аз идораи нашрияи “Пайкон” (300 ҳазор сомонӣ) дар таҷрибаи баҳсҳои судии миёни ВИО ва даъвогарон бесобиқа буд, месазад чанд сухан дар ин бора низ гуфта бошем.

Банди 2-и Моддаи 1116-и Кодекси граждании ҶТ андозаи ҷуброни зарари маънавиро чунин муайян намудааст:

«Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ вобаста ба хусусияти ба ҷабрдида расонидани ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ, инчунин дараҷаи гуноҳи зараррасон  дар ҳолатҳое, ки агар гуноҳ асоси ҷуброн бошад, аз ҷониби суд муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар бояд талаботи оқилона ва одилона ба инобат гирифта шавад.

Мушаххасоти ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ, ки дар натиҷаи он зарари маънавӣ расонида шудааст ва хусусиятҳои инфиродии ҷабрдида баҳо дода мешавад».

Аз муқаррароти Қонун бармалост, ки шахси ҳуқуқӣ ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ наметавонад кашад. Аз он беэътиноии (қонуннописандии) суд дар мавриди шахси ҳуқуқӣ писандидани Агентии  “Тоҷикстандарт” (дар қазияи судии нашрияи “Пайкон” (с.2009-2010) ҳам бигзарем, бароямон муаммост, ки мақоми барқароркунандаи адолат ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарар (300 ҳазор сомонӣ) аз рӯи кадом  талаботи оқилона ва одилона муносибат намуда бошад. Зеро барои муайян намудани ҳаҷми дороии моддию молии нашрияе мустақил ва навкор ба мисли “Пайкон”, ба гузаронидани таҳқиқоти тӯлонии судӣ ва ё ауидит низ ҳоҷат надошта, балки дархости маълумотномае аз муҳосиботи идора кофист.

Муваффақ шудани “Тоҷикстандарт” дар баҳси судӣ бо “Пайкон”, ба даъвоҳои паёпайи танқидшудагони матбуоти даврӣ гӯё роҳ кушод. Додхоҳии ҳафтаномаи “Пайкон” аз мақоми суди зинаи боло ҳанӯз ҳалли худро наёфта, ба Суди ноҳияи Синои пойтахт даъвои судяҳои Суди Олии ҶТ Н.Нуров, У.Мамадшоев ва судяи Суди шаҳри Душанбе Ф.Додоматов дар нисбати ҳафтаномаҳои “Озодагон”, “Азия-плюс” ва “Фараж”(барои чопи муроҷиати адвокат С. Ҷӯраев унвонии Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Омбудсмени ҶТ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, 20,21 январи с.2010) “барои ҳимояи шаъну шараф ва обрӯю эътибори корӣ” ворид гардид. Даъвогарон ҷуброни зарари маънавиро дар маҷмӯъ ба миқдори 5,5 млн. сомонӣ ҳисобида, аз суд хоҳиш менамуданд ин маблағро ба суратҳисоби НБО-и Роғун интиқол намояд.

Моҳи феврали соли 2010 нашрияи хусусии “Миллат” низ ба суд кашида шуд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳафтаномаро барои чопи маводи “Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод” (“Миллат”, №49 (223), 10 декабри с.2009), бо “беасос ва ғайриқонунӣ бардурӯғ чоп кардани мақола ва расонидани зарари маънавӣ” муттаҳам карда, 1 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ тақозо намуд.

Мисоли дигари ин иддао даъвои Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати ҷиноёти созмонёфтаи ВКД аз болои ҳафтаномаи «Азия плюс» аст. Анвар Тағоймуродов даъво дошт, ки дар мақолаи «Тафтишот ё инквизитсия?» аз моҳи декабри соли 2010, шахсияти ӯ ва ҳайсияти корияш паст зада шудааст ва бояд нашрия онро бар ивази 1 миллион сомонӣ ҷуброн кунад.

Ёдрас мешавем, ки дар ин мақолаи таҳқиқотии хабарнигори «Азия плюс» Рамзия Мирзобекова, саҳнаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд, тасвир шуда буд. Марат Мамадшоев, собиқ муҳаррири нашрияи «Азия плюс» ин ҳама даъворо рад карда, гуфта буд, ки «ин даъво заминаи қонунӣ надорад, даъвогар аз мансаби худ суиистифода кардааст. Гарчанде Анвар Тағоймуродов даъворо аз номи шахси воқеӣ, яъне аз номи худаш, пешниҳод кардааст, даъво дорад, ки гӯё ҳайсияту шахсияти раёсати УБОП таҳқир шудааст. Аз ин  бармеояд, ки гӯё УБОП-ро ба моликияти ҳуқуқии худаш табдил додааст».

Чӣ бояд кард?

Воситаҳои иттилооти оммаро бинобар таъсиррасониаш ба қабули қарору тасмимоти ҳукумат тавассути нерӯи сухан, “ҳокимияти чаҳорум” мегӯянд, вагарна матбуоти даврӣ, радио ва телевизион сохторҳои қудратӣ ва ё ниҳодҳои дороӣ надоранд, ки даъвои ҳокимият кунанд. Низ мусаллам аст, ки нерӯи сухан танҳо дар интишори ахбор зоҳир намегардад, балки маводи таҳқиқию таҳлилӣ, ки аксар бе танқиди фаъолияти ниҳодҳои мухталифи давлатию ҷамъиятӣ имконнопазир аст, сухани чопиро муассир мегардонад. Бинобарин, ба хотири “ба саги посбони демократия” табдил ёфтани ВАО дар кишварҳои хостори низоми демократии идораи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоили ғайриҷиноӣ гардонидани қонунҳо ҷараён дорад. Раванди демократигардонии давлатдорӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлол низ тақозо дорад, ки аз ҷумла қонунҳои марбутаи фаъолияти Воситаҳои ахбори омма низ аз ин раванд берун намонанд.

Албатта, ғайриҷиноӣ гардонидани моддаҳои “Таҳқир” ва “Туҳмат” дар ин раванд гоми нахустин буда, ин амал бояд идома ёбад. Ба ибораи дигар, муқаррароти моддаи 174-и Кодекси граждании ҶТ, инчунин муқаррароти Моддаи 137 ва Моддаи 330 -и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки дар амри иҷрои рисолати касбӣ ба пойи “саги посбони демократия” чун занҷир печидаанд, ба таври ҷиддӣ бояд бознигарӣ шаванд.

Боиси таассуф аст, ки қонуни бунёдии соҳавӣ - Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (19 марти с.2013) бо вуҷуди санади меъёрии ҳуқуқии соҳа будан, ба ҳуҷҷати ҳуқуқии воқеан таъсирбахш мубаддал нагардидааст. Зеро ҳама гуна қонун на дар танҳоӣ, балки дар ҳамкории дигар санадҳои ҳуқуқӣ: қонунҳо дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, моддаҳои дахлдори кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, ки дараҷаи гуноҳкории вайронкунандагонии Қонуни матбуот аниқу дақиқ муайян шуда бошад, амали муассир дошта метавонад.

Қазияҳои судии нашрияҳои мустақили “Пайкон”, “Фараж”, “Азия-плюс”, “Озодагон”, “Миллат”, «Имрузньюс», аз як тараф, номукаммалии қонунҳои соҳавиро нишон диҳанд, аз тарафи дигар, ба таври оммафаҳм бигӯем, ноомодагии судҳоро дар баррасии муроҷиатҳо ва парвандаҳои вобаста ба фаъолияти Воситаҳои ахбори омма таъкид менамоянд.

Пешниҳодҳо:

  1. Дар шартномаҳои меҳнатии Корфармо ва Корманди соҳаи ВАО банди алоҳида бо маънои ҳатмӣ будани риояи  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” сабт гардад;
  2. Бознигарӣ ва такмили минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои байналмилалӣ идома дода шавад;
  3. Ғайриҷиноӣ гардонидани қонунҳо идома дода, моддаҳои диффаматсионӣ, аз ҷумла моддаҳои 137 ва 330 аз Кодекси ҷиноятии ҶТ хориҷ карда шаванд;
  4. Дар қонунгузориҳои соҳаи ВАО ва Кодекси граждании ҶТ меъёрҳо оид ба даъвоҳои судии мақомоти давлатӣ ва мансабдорони он дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ бознигарӣ шуда, муқаррар гардад, ки маълумоти бардурӯғ дар ВАО танҳо рад гардида, ҷуброни зарари маънавӣ барҳам дода мешавд;
  5. Ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои журналистон ва кормандони ВАО, дар Тоҷикистон ниҳоди мустақили “Ваколатдори ҳуқуқи ВАО” (Омбудсмени ВАО) таъсис дода шавад.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!

 

Барои маълумот:

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот, беш аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда, як силсила санадҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дар ҳоли тадбиқ ҳастанд.

Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз сол ба сол ба рушди миқдорию сифатии воситаҳои ахбори омма мусоидат менамоянд. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 515 нашрия, аз ҷумла 330 рӯзнома (аз ҷумла 205 ҷамъиятию хусусӣ), 174 маҷалла (аз ҷумла 92 ҷамъиятию хусусӣ), 11 агентиҳои иттилоотӣ (аз ҷумла 10 ҷамъиятию хусусӣ), ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Ҳоло дар кишвар 59 ташкилотҳои радиотелевизионӣ фаъолият доранд, ки аз ҷумлаи онҳо 35 ташкилоти телевизионӣ (аз ҷумла 26 ғайридавлатӣ) ва 24 ташкилоти  радиошунавонӣ (аз ҷумла 15 ғайридавлатӣ) мебошад.

ВАО-и Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва англисӣ табъу нашр мешаванд.

 
22
Ноя 2011
Ҷоизаҳои Шӯро Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Ҷоизаҳои Шӯро   Ҷоизаҳои Шӯро   Ҷоизаҳои Шӯро   Ҷоизаҳои Шӯро   Ҷоизаҳои Шӯро   Ҷоизаҳои Шӯро

 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер