Главный раздел

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Иттифоқи журналистони кишвар дар робита ба даргузашти Акбари Саттор,рӯзноманигор ва раҳбари ин иттифоқ ҳамдардӣ баён кардааст.

Дар номаи сафири Эрон аз ҷумла омадааст, “даргузашти ҷаноби Акбари Саттор - раҳбари Иттифоқи журанлистони Тоҷикистонро ба наздикон ва ҳамкорони марҳум таслият гуфта, барои марҳум мағфират ва раҳмати илоҳию ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем”.

Муфассал...
 
29
Авг 2015
Акбари Сатторро ба хок супурданд Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи расонаҳои "Чархи гардун" дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Акбари Саттор , раиси Иттиҳодияи журналистон ва яке аз медиа-магнатҳои Тоҷикистон 29 август дар зодгоҳаш рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Усмон Сабзов - раиси ноҳияи Ҳисор, Муродалӣ Алимардон - раҳбари “Агроинвестбонк” ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва теъдоди зиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Муфассал...
 

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Наздикони ҷаноби Саттор дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, қалби раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз 28 август такрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз мондааст: "Ӯ чанд рӯзи ахир аз бемории ҷигар ранҷ мебурд". Ба иттилои онҳо, қарор аст, ҷанозаи Акбари Саттор фардо, 29 август дар зодгоҳаш -- ноҳияи Ҳисор баргузор шавад. 

Муфассал...
 
28
Авг 2015
Ғолибони озмун муайян гардиданд Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Озмуни “Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон” миёни рӯзноманигорони Вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани васоити ахбори оммаи Тоҷикистон  (АМВАОТ) ташкил дода буд, ҷамъбаст гардид.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев дар ин озмун 17 мақолаю барномаҳои телевизионӣ ва радио ворид гардид, ки рӯзноманигорон Шералӣ Саидов, ғолиби ҷои аввал дар бахши телевизион ва радио ва Носирҷон Маъмурзода, дар бахши маводи онлайнӣ ғолиб дониста шуданд.  Ҳамчунин Бибирокия Абдуллоева, Амонҷон Маҳкамов, Маҳмудхоҷа Султонов ва Саидаҳмад Султонов ғолибони дигари ин озмун буданд.

Муфассал...
 

Журналисте, ки мехост мушкили беобии сокинони Душанберо матраҳ ва дар ҳалли он мусоидат кунад, акнун дар курсии ҷавобгар мешинад.

Ба Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори собиқи ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки аз сӯи идораи "Обу корези Душанбе" ба додгоҳ кашида шудааст, пардохти товон дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад. Раҳбари ин ниҳодро сарлавҳаи матлаби журналист - "Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?" - ба хашм овард ва ӯ аз болои муаллиф Ҳасан Шокирзода ба додгоҳи Фирдавсии пойтахт шикоят бурд. Корхона далелҳои дар мақоларо носаҳеҳ номид ва аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. 

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер