Главный раздел

Наздик ба 50 рӯз мешавад Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва яке аз соҳибрасонаҳои муваффақ миёни мо нест. Тамоми ҷомеаи журналистӣ аз Акбари Саттор ба некӣ ёд мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ӯ Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт, дубора зинда кард. Ҳанӯз раҳбари нави Иттифоқи журналистон муайян нашудааст. Бархеҳо ба ин суол ҷавоб мехоҳанд, ки раҳбари нав ин ниҳодро метавонад дар сатҳи замони раҳбарии Акбари Саттор нигоҳ дорад ё онро ба “асли хеш” бармегардонад? Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибрасонаҳо, раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони маъруф пурсид: КИРО РАИСИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДИДАН МЕХОҲЕД?

Муфассал...
 

Ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Озодагон”-ро масдуд кардаанд. Манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ин иқдом бо дастури Хадамоти алоқа “барои гузарондани корҳои профилактикӣ”роҳандозӣ шудааст. 

Муфассал...
 

Мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи марҳум Акбари Саттор гузошта шуд.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ба хабаргузории TojNews гуфт, имрӯз, 7-уми октябр дар иҷлосияи 3-юми даъвати 5-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мактаби №25-и деҳаи Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта шуд. Рустои Мортеппа зодгоҳи Акбари Саттор, собиқ раҳбари Иттифоқи журналистон мебошад. Раиси ноҳия мегӯяд, инчунин тасмим доранд, як кӯчаеро дар маркази ноҳия ба номи Акбари Саттор гузоранд.

Муфассал...
 

Як гурӯҳи 50-нафараи кормандони Телевизиони Сафина тарки кор кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони ин муссиса Зевар Давлатзода бо омаданаш бар сари вазифаи директорӣ ба онҳо имконияти кор карданро надодааст.Ва ба фаъолияти эҷодии аксарият низ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуда, бо омаданаш фавран рӯзноманигорон ва режиссёрҳое, ки ба таври шартномавӣ фаъолият мекарданд, озод карда гуфтааст, ки «бо шарномачиҳо кор намекунам». Аз ҷумла Зиё Сафаров, режиссёри собиқадору таҷрибаи хуби корӣ додашта, ки тариқи шартномавӣ фаъолият мекардааст, маҷбур шудааст, ки аз кор равад.

Муфассал...
 

Субҳи 1-уми октябр як нафар аз шаҳри Ваҳдат, ки ба фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳои мустақил сарукор дорад, ба Faraj.tj дар мавриди аз дӯконаш «мусодира» гардидани шумораи навиҳафтаномаи «Фараж» шикоят намуд.

Ба қавли ин рӯзномафурӯш, рӯзи гузашта чанд нафар аз намояндагониҲукумати шаҳри Ваҳдат дар назди дӯкони ӯ ҳозир шуда, ҳамаи шумораи нави ҳафтаномаро «мусодира» карда, бе пардохти маблағ бо худ бурдаанд. Онҳо ба ӯ гуфтаанд, ки ба Ҳукумати шаҳр биёяд.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер