Главный раздел

22
Ноя 2011
Таърих Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Таърих  Таърих  Таърих  Таърих  Таърих  Таърих  Таърих

 

МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ

ЖУРНАЛИСТӢ  ДАР ТОҶИКИСТОН

ш. Душанбе, 14 майи соли 2009

Пешгуфтор

Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд.

1. Рисолати ВАО ва журналист

 Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон  – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд.

 ВАО ва журналистон бо ин усул обрӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.

2. Сареҳияти ахбор

 ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.

3. Ҳифзи манбаи ахбор

 ВАО ва журналист ҳангоми аз  манбаъ гирифтани ахбор ба он эҳтиром мегузоранд,  мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя,  аз фош кардани манбаи ахбор худдорӣ мекунанд ва бо амали худ ба ошкор шудани шахс, манбаи ахбор ва сирри касбӣ роҳ намедиҳанд.

4. Ақида, далел ва гумону тахмин

 ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад.

5. Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр

 ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷур, ки боиси косташавии иффати миллӣ мегардад, худдорӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.

 ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷаҳонбинӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.

6. Эҳтироми ҳаёти шахсӣ

 ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.

 Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши иҷтимоӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.

7. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

 Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст.

8. Эҳтимоли бегуноҳӣ

 Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд.

9. Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)

 Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ,  мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд.

10. Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон

 Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, ранҷу куштор, инчунин дигар ҷиноятҳо худдорӣ мекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷабрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд.

11. Шеваи ҷамъ овардани мавод

 Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар  маълумот  дар бораи ҳаёти шахсӣ набояд  аз роҳҳои ғайриқонунӣ ва ноҷоиз истифода шавад.

12. Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама

 Рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат набояд кард. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.

 Маводе, ки ба хотири тиҷорату реклама ва тарғиби манфиати гурӯҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷудо ҷой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.

13. Подош ва имтиёз

 Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯи ВАО ва журналист аст.

14. Асардуздӣ (плагиат)

 Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардуздӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муаррифӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш арҷ гузорад.

15. Ислоҳи хато

 Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз  тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ  ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.

16. Ҳамраъйии касбӣ

 ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз иҷрои супоришҳое, ки хилофи эътибори касбӣ ё мавқеи иҷтимоиаш аст, худдорӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

 Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯро пуштибонӣ мекунанд.

17. Тартиби амалӣ гардонидани меъёрҳо

Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон муроҷиат намояд. Тасмими Шӯро дар ВАО нашр мешавад.

 
22
Ноя 2011
Шӯрои ВАО, яъне чӣ? Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Шӯрои ВАО, яъне чӣ? Шӯрои ВАО, яъне чӣ? Шӯрои ВАО, яъне чӣ? Шӯрои ВАО, яъне чӣ?

 
22
Ноя 2011
Аъзои Шӯрои ВАО-и ҶТ Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

(30 ноябри соли 2012 интихоб шудаанд):

Р/т

Ному насаб

Вазифа

Телефон

1

Шарифзода Қироншоҳ

Раиси Шӯро

904010110

2

Аламшоев Қурбон

Узви Шӯро

93-500-45-96

3

Исмоилов Зиннатулло

Узви Шӯро

919323402

4

Рустами Ҷонӣ

Узви Шӯро

640-44-52

5

Сӯҳробшои Фаррухшоҳ

Узви Шӯро

(83322)31398

6

Боқизода Мухтор

Узви Шӯро

95-151-00-75

7

Сафарова Асалмо

Узви Шӯро

918899103

8

Раҷаби Мирзо

Узви Шӯро

935808855

9

Дадобоев Маҳмудҷон

Узви Шӯро

928155510

Муассисони Шӯрои ВАО-и ҶТ

Р/т

Ташкилот

Тел.тамос

Шахси масъул

1

НАНСМИТ

935-04-30-13

Каршибоев Нуриддин

2

ҶДММ «Оила»

918-63-90-26

Ҳамдамов Шариф

3

ҶДММ «Чархи гардун»

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

4

Хазинаи гиромидошт

95-151-00-75

Боқизода Саидмухтор

5

ТОҶАНСМИТ

93-500-07-62

Асозода Мусо

6

ТВ «СМТ»

919-32-34-02

Исмоилов Зиннатулло

7

«Азия плюс»

935-03-20-15

Мамадшоев Марат

8

Маҷ. «Бонувони Тоҷикистон»

 

918-93-75-25

Ализода Ҳуринисо

9

ИЖТ

 

93-576-99-99

Сатторов Акбаралӣ

Комиссияҳои Шӯрои ВАО-и ҶТ

(ноябри с. 2012-декабри с. 2013)

I. Комиссияи расонаҳои чопӣ

1. Мараимов Раҷаб (Раҷаби Мирзо) – раис,

2. Ҷониев Рустам (Рустами Ҷонӣ) - аъзо,

3. Фаррухшоев Сӯҳробшоҳ (Сӯҳробшоҳи Фаррухшо)– аъзо.

II. Комиссияи расонаҳои электронӣ

1. Исмоилов Зинатулло – раис,

2. Аламшоев Қурбон – аъзо,

3. Дадобоев Маҳмудҷон – аъзо.

III. Комиссияи ҳисоб

1. Боқизода Саидмухтор-раис,

2. Сафарова Асалмоҳ- аъзо.

Аъзои собиқи Шӯрои ВАО-и ҶТ:

1. Исмоилов Зинатулло-раис
2. Аламшоев Қурбон
3. Иноятов Иноят
4. Қаршибоев Нуриддин
5. Мамадшоев Марат
6. Рустами Ҷонӣ
7. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ
8. Усмонов Иброҳим
9. Ҳамдамов Шариф


Дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и ҶТ
1. Сангин Гулов-дабири кулл
2. Фархунда Шарифова-коргузор
3. Назирбек Асомуддинов-сармусоҳиб
4. Ҷалолиддин ҳақназаров- машварати ҳуқуқӣ


Комиссияи Шӯрои ВАО
I. Комиссияи расонаҳои чопӣ

1. Мамадшоев Марат-раис
2. Ҳамдамов Шариф
3. Фаррухшоев Сӯҳробшоҳ

II. Комиссияҳои расонаҳои электронӣ
1. Исмоилов Зинатулло-раис
2. Аламшоев Қурбон
3. Рустами Ҷонӣ

III. Комиссияи ҳисоб
1. Қаршибоев Нуриддин-раис
2. Иноятов Иноят

 
22
Ноя 2011
Акси садои мароҷиаткунандагон Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Бо қарори Конфронси муассисон аз 30 октябри соли 2009 тасдиқ шудааст

Боби 1. Муқаррароти умумӣ


1.1. Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд.
1.2. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад.
1.3. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад.

Муфассал...
 
«НачалоПредыдущий4142434445ДалееКонец»
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер