Главный раздел

Ҳамкасбони гиромӣ!

Таври маълум, рӯзҳои наздик маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон расман шурӯъ мегардад. Аммо бо дарназардошти мӯҳтавои матолиби мухталиф, ки аз тариқи матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии воситаҳои ахбори омма (ВАО) пахш мегарданд, гуфтан мумкин аст, ки фазои иттилоотӣ аллакай интихоботолуда мебошад.

Мутаассифона, мӯҳтавои ин гуна матолиб гувоҳӣ аз он медиҳад, ки на ҳамеша ВАО ва журналистон муќаррароти вобаста ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя мекунанд. Аз ин хотир ва бо сабаби он, ки фазои иттилоотии интихобот бо расман шурӯъ гардидани он, шиддати бештар мегирад, мо зарур донистем бевосита ба шумо муроҷиат намоем.

Муфассал...
 

Дорогие коллеги!

Как известно, в ближайшие дни в Таджикистане официально стартует важная политическая кампания – президентские выборы. Но, с учетом содержания разнообразных материалов, которые распространяются через периодическую печать и электронные СМИ, можно сказать, что информационное пространство уже заражено темой выборов.

К сожалению, содержание подобных материалов свидетельствует о том, что не всегда СМИ и журналисты соблюдают положения связанные с «Этическими нормами журналистской деятельности в Таджикистане». Исходя из этого и по той причине, что информационное пространство станет еще более напряженным с официальным началом выборов, мы сочли необходимым непосредственно обратиться к Вам.

Муфассал...
 

Як гурӯҳ муассисон ва намояндагони ВАО давраи омӯзишии “Банақшагирии стратегии фаъолияти ВАО”-ро, ки Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор намуд, ширкат карданд.

Семинари омӯзишӣ рӯзҳои 11 то 13-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нуриддин Қаршибоев, сарвари АМВАОМТ дар бораи ин иқдом чунин гуфт: «Банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон мутаассифона, вуҷуд надорад. Ҳол он ки  ҳама гуна иқдом мувофиқи як нақшаи муайян ва стратегияи муайян рушд ёбад, то ки рӯзноманигорон ва соҳибони нашрияҳо, сардабирон ва ҳамаи онҳое, ки дар ВАО кор мекунанд, дурнамои фаъолияти худашонро тасаввур карда тавонанд ва дар ҳар замон сари рисолати аслии рӯзноманигорӣ андеша кунанд, ки то кадом дараҷа онҳо рисолати худро иҷро мекунанд ва ин рисолат ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа аст?»

Муфассал...
 

Душанбе , 3 май (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова): Имрӯз дар Кохи Вахдат бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ба муносибати рӯзи байналмилалии озодии матбуот конфронси ҷумҳуриявӣтаҳти унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар оғози нишаст раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода сухан гуфта, ба хотири гиромидошти журналистони фавтида ва ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии сухан дақиқаи хомушӣ эълон намуд.

Муфассал...
 

Вокуниш

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ва баъд аз он дар ин кишвар беш аз 70 рӯзноманигор кушта шуданд

Шӯрои матбӯъот ва расонаҳои Тоҷикистон ба сардабирони нашрияҳои ин кишвар пешниҳод кардааст, ки ба хотири гиромидошт аз рӯзноманигорони фақид, як сарфасли нашрияҳоро дар ҳафтаи оянда холӣ бигузоранд.

Ин соҳаи холӣ дар саҳифаи нашрияҳо баёнгари он хоҳад буд, ки рӯзноманигоре, ки дар солҳои қабли ба қатл расидааст, наметавонад, имрӯз матлаби худро дар ин нашрия мунташир созад.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер