Главный раздел

Журналист Мавҷуда Соҳибназарова, узви фаъоли гурӯҳи ташабускори ҳизби “Тоҷикистони нав” аз мақоми мудири бахши тиҷории маҷаллаи "Истиқбол" канор рафт.  Хонум Соҳибназарова, рӯзи 11 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардааст, ва гуфтааст, ки  на таҳти фишори масъулони маҷалла, балки бо хоҳиши худ тарки кор кардааст.

Қаблан, Мавҷуда Соҳибназарова дар робита бо флеш-моб, ки барои 100-рӯзи боздошти роҳбари ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов доир гардида буд, дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пурсуҷӯ шуда буд.

Муфассал...
 
10
Сен 2013
Номзади ягонаи ИНИТ эълон шуд Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Гурӯҳи кории Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) як тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзади ягонааш ба интихоботи президентӣ пешниҳод кард.

Тавре дирӯз мо хабар дода будем, гурӯҳи мазкур ин номзадро пешниҳод карданӣ буд ва ахиран дар ҷаласаи ниҳоӣ, ки имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ фаъолони ИНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро барои ширкат дар интихоботи президентӣ расман эълон намуданд.

Муфассал...
 
10
Сен 2013
ҲСДТ интихоботро таҳрим карданист? Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиатан, хостори лағв намудани изҳороти раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди имконнопазир будани ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирони тоҷик дар дастгирии ин ё он номзади президентӣ шудааст.

Раҳматилло Зойиров наввиштааст, ки дар ҳолати ислоҳ нашудани чунин муносибат, интиихоботро таҳрим хоҳанд кард.

Муфассал...
 

Гурӯҳи кории Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) як тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзади ягонааш ба интихоботи президентӣ пешниҳод карданист.

Ба гуфтаи Шокирҷони Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва узви  Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳизбу созмонҳои узви ИНИТ рӯзи 9 сентябр чунин тасмим гирифт ва қарор кард, ки фардо онро расман эълон намояд.

Муфассал...
 

Масъулини ҳафтаномаи “Фараж” барои нашри замима бо номи “Интихобот- 2013 “ иқдом намудаанд.

“Дар ин замима тамоми маталбаҳо оид ба маъракаи интихоботӣ ва интихобот ба нашр мерасанд” - гуфт Хуршед Ниёзов, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” зимни як ҳамоиши рӯзноманигорон.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ин замима дар навоҳии дурдасти кишвар ба сокинони минтақаҳои Рашт, Бадахшон ва Зарафшон ройгон тақсим карда мешавад.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер