Главный раздел

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва ҳамҷавобон шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.

Чӣ тавре ки сомонаи ҲНИТ иттилоъ медиҳад, ин аризаи даъвогӣ бо имзои раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Муфассал...
 

Ширкатдорони Маҳфили мубоҳисавӣ, ки имрӯз дар толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, бо ибтикори идораи рӯзномаи «Минбари халқ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Медиа Консалтинг» бо дастгирии молии Намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон баргузор гардид, перомуни ин мавзӯъ баҳс намуданд.

Барандаи мубоҳиса, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар зимни ифтитоҳи нишаст, ҳадафи мубоҳисаро дарёфти роҳу шеваҳои ташаккули имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ тавассути ВАО арзёбӣ намуд.

Яке аз муассисони дигари маҳфил, роҳбари ТҶ «Медиа Консалтинг» Набӣ Юсуфов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба таҳоҷуми иттилоотии баъзе аз кишварҳои минтақа ба фазои иттилоотии Тоҷикистон, халалдор шудани имиҷи кишвар бо иттилоотиғаразноки ВАО-и хориҷӣ, ба хусус расонаҳои электронии Россия, ҷалб намуд.

Муфассал...
 

В ходе продолжающихся с 12 по 22 сентября встреч депутатов нижней палаты парламента Таджикистана со своими избирателями были и просьбы внести поправки к Закону Таджикистана «О печати и СМИ» в части защиты чести и достоинства таджикской нации, об этом в интервью «АП» заявила депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли республики Саодат Амиршоева.

«Например, многих избирателей Хатлонской области сильно возмутила распространенная СМИ Таджикистана со ссылкой на официальный сайт МВД информация об аресте в районах Рудаки и Кумсанир двух отцов по факту изнасилования своих родных дочерей», - отметила депутат.

Муфассал...
 

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ахиран аз ҷониби ИНИТ ҳамчун номзади ягона барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шуд, дар сафҳаи Фейсбукии худ аз намояндагони ВАО ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард, ки ӯро ҳамчун доғи судӣ дошта муаррифӣ накунанд.

Ӯ ҳамчунин менависад:  "Ман гӯё ки доғи суди доштаам ва авф ё аминистия шудаам. Лекин ҳамчун ҳуқуқшинос, ба ҳамаи шумо мерасонам, ки дар нисбати ман моҳи октябр то ноябри соли 1993 танҳо тафтишот бурда шуда буд.

Муфассал...
 
16
Сен 2013
ТВ "Сафо" хатти мавҷаашро дигар кард Муаллиф: Administrator
Печать E-mail

Темур Варқӣ, масъули шабакаи телевизионии “Сафо”  дар сафҳаи Фейсбукиаш аз пахши дубораи ин ТВ ва тағйири хатти мавҷ хабар дод.

Ин шабака баъди 25 рӯзи масдуд шудани барномаҳояш рӯи мавҷи нав дар моҳвораи Hotbird пайдо шудааст.

Масъулони ТВ “Сафо” ба Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, пахши озмоишии барномаҳои ин шабака аз рӯзи 12 сентябр шурӯъ шуда, аз рӯзи 14 сентябр пахши барномаҳои муаллифии ТВ “Сафо” низ ба сурати мунтазам аз сар гирифта шуд. Ҳоло барномаҳои ТВ “Сафо” дар моҳвораи Hotbird рӯи мавҷи 12 380V (кунҷи вертикал), бо суръати 27 500 қобили дарёфт аст.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер