В Согде определены победители областного конкурса на лучшие журналистские материалы 2015 года «Созидательное перо».
В рамках праздничных мероприятий, посвященных Дню Государственного флага, накануне в резиденции главы государства в городе Худжанде состоялась церемония награждения победителей областного конкурса журналистов «Созидательное перо - 2015». На церемонии чествования победителей конкурса приняли участие более 100 журналистов, представляющих местные и центральные СМИ.
То фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ - “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон 24-уми ноябр иттилоъ медиҳад, ки фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таини директорони ин шабакаҳо имзо шудааст.
Хуршед Файзуллозода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизода, директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо” таин шудаанд.
Аброр Зоҳир, нависандаи маъруф ва директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 23 ноябр дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Тавре наздикони марҳум ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Аброр Зоҳир, ки директори «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Душанбе буд, дар ҷои кораш даргузаштааст. Ба гуфтаи мусоҳибони "Озодагон" Аброр Зоҳир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст: "Маросими видоъ бо Аброр Зоҳир имрӯз, 23 ноябр дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе дар назар аст".
Бахтиёр Сафаров, журналист-тадқиқотгари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бар асари фишори баланди хун даргузашт.
Тавре наздикони Сафаров ба “Озодагон” иттилоъ доданд, марҳум дар синни 47-солагӣ дар беморхонаи Ёрии таъҷилӣ бар асари фишорбаландӣ аз олам чашм пӯшид: “Маросими дафни Сафаров дар шаҳри Кӯлоб баъди зуҳри 21 ноябр доир гардид”.
Доманаи озодии баён дар Тоҷикистон, ба ақидаи нозирони умур, дар ин авохир хеле тангтар шудааст. Вале тарафдорони ҳукумат мегӯянд, ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.Матолиби расонаҳои Тоҷикистон ҳангоми баррасии мушкилоти ҷомеа аз ибораҳои “аз гуфтани ном худдорӣ кард”, “нахост дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад” пур шудааст. Афзоиши истифодаи ин ибораҳоро коршиносон ба боло рафтани сатҳи худсонсурӣ ва маҳдуд шудани озодии байён дар Тоҷикистон медонанд.