Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

Худдории чопхонаҳои Душанбе аз нашри ҳафтаномаи ҲНИТ - “Наҷот”
Печать E-mail

Чопхонаҳои шаҳри Душанбе аз нашри ҳафтаномаи ҲНИТ – “Наҷот” худдорӣ кардаанд.

19-уми август Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба TojNews гуфт, ки барои нашрия ҳафтанома ба чандин чопхонаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла матбаи “Шарқи озод” ва ғайра муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол аз ягон матбаа барои нашр кардани ҳафтаномаи ҳизбӣ посухи мусбат дастрас накардаанд.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки то нимаи дуюми рӯз талошро барои ҷустуҷӯи нашриёт идома медиҳанд.

 

Ҳафтаи гузашта аз ҷониби чанд ниҳод ба дари нашриёти “Муаттар”-и ҲНИТ, ки ҳафтаномаи “Наҷот” дар он нашр мешуд, муҳр задаанд.

Муфассал...
 
Гулмуродзода шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст
Печать E-mail

Журналист Аминҷон Гулмуродзода аз болои ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст.

Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Хуршед Исозода ба faraj.tj хабар дод.

- Мо аризаи шикоятии Гулмуродзодаро дарҳол баъди эълони ҳукм қабул намудем. Он ҳукме, ки имрӯз баровардем, ҳанӯз эътибори қонунӣ нагирифтааст ва номбурда барои шикоят бурдан ҳуқуқ дорад,- гуфт Исозода Хуршед.

Муфассал...
 
Ҳукми ду соли зиндони журналист Аминҷон Гулмуродзода
Печать E-mail

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

Муфассал...
 
Талаби прокурор: Гулмуродзода чор сол зиндонӣ шавад!
Печать E-mail

Барои Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик, сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj, ки бо дастрасии моддаи 340, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои «сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран» айбдор дониста мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ – намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе Каримзода Абдумумин чор соли ҳабс талаб кардааст.

Муфассал...
 
Власти закрыли издательство ПИВТ за "не обеспечение сотрудников лечебно-медицинским питанием"
Печать E-mail

Государственные органы временно приостановили деятельность издательства оппозиционной Партии исламского возрождения Таджикистана «Муаттар» за несоответствие санитарно-эпидемиологическим нормам.

Как сообщается на сайте ПИВТ, в письме, за печатями от Минкультуры, Налогового комитета, Таджикстандарта и СЭС, сообщается о ряде недостатков, на основе которых и было принято решение на время отпечатать партию.

Муфассал...
 
Монеагузорӣ ба хабарнигори Озодӣ дар додгоҳи сарбозони пойгоҳи Русия
Печать E-mail

Афсарони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар додгоҳи ду сарбози ин пойгоҳ, ки ба қатли як шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд, хабарнигорони Бахши тоҷикии Радиои Озодиро ҳадафи ҳамлаҳои лафзӣ қарор дода, наворҳои видеоии онҳоро аз ҷараёни додгоҳ мусодира карданд.

Сарҳанги  пойгоҳи 201-и Русия Перепелится хабарнигорони Радиои Озодиро айбдор кард, ки дар бораи ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ахбори беобрӯкунанда ба нашр мерасонанд ва бо мусодираи наворҳои видео гуфт, ин наворҳо пас аз тафтиш ва ризоияти Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ ба хабарнигорон баргардонида мешаванд.

Муфассал...
 
Глава НАНСМИТ: Ряд независимых СМИ Таджикистана может самоликвидироваться в связи с кризисом
Печать E-mail

СМИ Таджикистана переживают сложное время в связи с экономическим  кризисом, заявил сегодня глава Национальной ассоциации независимых средств массовой информации Таджикистана (НАНСМИТ) Нуриддин Каршибаев, выступая в Душанбе на круглом столе «Универсальный периодический обзор, как инструмент продвижения свободы слова в Таджикистане».

Муфассал...
 
Раиси Шӯрои ВАО: Протокол хилофи сарқонун аст
Печать E-mail

Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Нуриддин Қаршибоев зимни суханронӣ дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи “Ховар”-ро баррасӣ карда, зикр кард: “Мо аз рӯзе, ки ин протокол пайдо шуд, таъкид кардем, ки ин нақзи ҳуқуқи расонаҳо аст, зеро бо ин протокол тамоми дастовардҳое, ки дар соҳаҳои дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон дар 5 - 10 соли ахир ба даст омада буданд, мо ба нестӣ мебарем. Ин протокол хилофи конститутсия ва меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ аст ва ҳамзамон ин протокол  бар хилофи ҳафт пункти консепсияи амнияти иттилоотӣ аст”.

Муфассал...
 
Шӯрои ВАО: Пеш аз “бойкот” шарҳи ҳукуматро интизор мешавем...
Печать E-mail

Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) имрӯз, 24-уми июл дар пайи як ҷаласаи роҳбарони расонаҳои мустақил эълон намуд, бо як номаи дастаҷамъӣ аз ҳукумат шарҳи протокол дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи “Ховар”-ро дархост хоҳанд кард. 

Ахиран хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер