Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

Обрӯи Русияро дар Тоҷикистон кӣ мерезонад?​
Печать E-mail

Як таҳлилгари тарафдори Русия матбуоти Тоҷикистонро аксаран зиддирусӣ ба қалам дода, навиштааст, ки расонаҳои Тоҷикистон ба фоидаи рақибони Русия дар ин қаламрав хидмат мекунанд.

Дар як матлаби таҳлилӣ бо номи "Сиёсати иттилоотии Русия дар Тоҷикистон: Печухамҳо ва гардишҳои ногаҳонӣ" ("Информационная политика России в Таджикистане: перипетии и неожиданные повороты") расонаҳои Тоҷикистон аксаран зиддирусӣ арзёбӣ шудаанд ва ба қавли муаллиф, ин расонаҳо аз Русия образи душман тарошида, амалан ба сӯд (фоида)-и рақибони Русия дар майдони иттилоотии Тоҷикистон хидмат мекунанд.

Муфассал...
 
В Таджикистане заблокировали доступ к Facebook и YouTube
Печать E-mail

Интернет-провайдеры Таджикистана ограничили во вторник доступ к социальной сети Facebook и социальной сети YouTube, сообщают пользователи.

По словам юзеров, доступ к сайтам поэтапно заблокировали все провайдеры Таджикистана с утра понедельника. Соответствующее распоряжение провайдерам было разослано Службой связи при правительстве Таджикистана.

Муфассал...
 
Торнамои Имрӯз Нюз фаъол мешавад
Печать E-mail

Торнамои рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар остонаи панҷумин солгарди таъсисёбияш фаъол хоҳад шуд.

Назири Нусрат, сардабири “ИмрӯзNews” 24 август ба Озодӣ гуфт, “сомона омодааст ва шурӯъ аз ҳафтаи оянда фаъол мешавад.

” Ба қавли ӯ, шакли сомонаи онҳо хабарӣ-таҳлилӣ буда, дар оянда бо ҷалби кормандони иловагӣ фаъолияташонро дар бахши чандрасонаӣ низ ба роҳ хоҳанд монд. 

Муфассал...
 
Муроҷиати ҳамсари Аминҷон Гулмуродзода ба президент
Печать E-mail

Ҳамсари Гулмуродзода Аминҷон, журналист ва муҳаррири бахши русии сомонаи faraj.com.tj Ситора Сатторова бо ирсоли як номаи кушод аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хостори расидагӣ ба қазияи шавҳараш шудааст.

Ӯ дар номаи худ ба сардори давлат ҳамчун як модари ҷавон, ки даврони талабагӣ, донишҷӯӣ ва корияш маҳз дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон рост омадааст, муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҳанӯз замони мактабхонӣ аз меҳрубонӣ ва ғамхориҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардум ба ваҷд меомад. Вале ҳеҷ гумон намекард, ки рӯзе ӯ ҳам ба дастгириву ғамхории хосаи сарвари давлат ниёзманд мегардад.

Муфассал...
 
Сардабири «Наҷот»: Мехоҳанд забони ҳизбро банданд
Печать E-mail

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот”-и Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Faraj.tj гуфт, киҳадаф аз мӯҳр задани дари чопхонаи нашрия бастани забониҳизб аст.

- Дар фаъолияти чопхонаи мо чандон омили ҷиддие вуҷуд надорад, ки вобаста ба он дари чопхона баста шавад. Албатта, ҷое кор ҳаст, бе камбудӣ намешавад. Лекин барои ислоҳи камбудие, ки гӯё дар матбааиҳизб ошкор шудааст, бояд дари он боз бошад, то барои рафъи он чораҷӯӣ карда шавад. Вақте дари чопхона баста аст, оё мешавад камбудиро, ки вобаста ба тозагии дохили он аст, рафъ кард? Ин дарҳолест, ки чопхонаи мо ҳазорҳо маротиба поктару озодатар ва фарохтар аз дигар матбааҳо аст. Барои ҳамин, гуфтан мумкин аст, киҳадаф аз "ҳамла”-и ногаҳонӣ ва яку якбораи намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт” ва Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ бастани забони ҳизб аст,- афзуд ӯ.

Муфассал...
 
Сын за отца не отвечает?
Печать E-mail

18 августа суд столичного района Исмоили Сомони приговорил Аминджона Гулмуродзода – редактора русской службы сайта Faraj.tj к двум годам лишения свободы за подделку документов. Журналиста арестовали прямо в зале суда. Подобного инцидента не ожидал никто – ни представители СМИ, которые присутствовали на суде, ни сам обвиняемый. За что и почему – разбирается «АП».

Муфассал...
 
Қаршибоев: Масъулинро чаро даъват накарданд? Акбари Саттор: Мо аз ин бародар ҳимоят хоҳем кард
Печать E-mail

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ дар сайти интернетии www.nahzat.tj нисбати 2 сол зиндонӣ шудани Аминҷон Гулмуродзода изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки «маҳкум шудан ба хотири он, ки падараш гӯё шаҳодатномаи таваллуд гирифтаасту ва он ҳам пурра исботи худро наёфтааст, дуруст нест».

Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҳамаҷониба таҳқиқ намудани ин масъала гуноҳ натанҳо аз ҷониби Аминҷон Гулмуродзода, балки аз ҷониби дигар масъулини ниҳодҳои давлатӣ низ сар задааст, ки онҳо ин ҳуҷҷатҳоро бо падари ӯ омода карда буданд.

Муфассал...
 
“Наҷот” чоп нашуд
Печать E-mail

Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “Наҷот” бинобар радди чоп гирифтан аз ҷониби чопхонаҳои Душанбе натавонист шумораи навбатии худро ба табъ расонад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” рӯзи 20 август ба радиои Озодӣ гуфт, баъди баста шудани чопхонаи ҳизб дар ҳафтаи гузашта аз тарафи Хадамоти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ дигар чопхонаҳо нашри онро ба дӯш нагирифтанд ва шумораи навбатии он ба дасти хонанда нарасид.

Муфассал...
 
Х.Атовулло: Дар қазияи Гулмуродзода тадқиқоти журналистӣ анҷом медиҳем
Печать E-mail

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) мегӯяд, дар робита ба қазияи додгоҳии журналист Аминҷон Гулмуродзода тадқиқоти журналистӣ анҷом хоҳанд дод. 

Ӯ чоршанбеи 19 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз гуруҳи журналистони тадқиқотгарро гирд оварда, нақшаи кориро кашидем. Ҳоло пайи ҷамъ овардани далелҳои радкунанда ҳастем”.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер