Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

Human Rights Watch: Ҳукми Гулмуродзода бекор шавад
Печать E-mail

Human Rights Watch аз мақомоти тоҷик даъват кардааст, ҳукми ду соли зиндони рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзодаро бекор кунад.

Ҳ. Вилиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як гузорише гуфтааст, ин ҳукм мояи дилсардии ҷомеаи журналистии Тоҷикистон мешавад ва як намунаи дигари саркӯби озодии баён ва садоҳои мустақил аст: “Иттиҳомоти норӯшан алайҳи рӯзноманигор барои амалҳои замони кӯдакиаш баҳонаест барои ҳамлаи ошкоро ва бо ангезаи сиёсӣ алайҳи озодии баён”. 

Муфассал...
 
Номаи таслияти сафири Эрон дар робита ба даргузашти Акбари Саттор
Печать E-mail

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Иттифоқи журналистони кишвар дар робита ба даргузашти Акбари Саттор,рӯзноманигор ва раҳбари ин иттифоқ ҳамдардӣ баён кардааст.

Дар номаи сафири Эрон аз ҷумла омадааст, “даргузашти ҷаноби Акбари Саттор - раҳбари Иттифоқи журанлистони Тоҷикистонро ба наздикон ва ҳамкорони марҳум таслият гуфта, барои марҳум мағфират ва раҳмати илоҳию ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем”.

Муфассал...
 
Акбари Сатторро ба хок супурданд
Печать E-mail

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи расонаҳои "Чархи гардун" дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд.

Акбари Саттор , раиси Иттиҳодияи журналистон ва яке аз медиа-магнатҳои Тоҷикистон 29 август дар зодгоҳаш рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ бо ӯ Усмон Сабзов - раиси ноҳияи Ҳисор, Муродалӣ Алимардон - раҳбари “Агроинвестбонк” ва собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва теъдоди зиёди хабарнигорон аз минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Муфассал...
 
Даргузашти Акбари Саттор: “Талафоти бузург барои журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандист”
Печать E-mail

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Наздикони ҷаноби Саттор дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, қалби раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз 28 август такрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз мондааст: "Ӯ чанд рӯзи ахир аз бемории ҷигар ранҷ мебурд". Ба иттилои онҳо, қарор аст, ҷанозаи Акбари Саттор фардо, 29 август дар зодгоҳаш -- ноҳияи Ҳисор баргузор шавад. 

Муфассал...
 
Ғолибони озмун муайян гардиданд
Печать E-mail

Озмуни “Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон” миёни рӯзноманигорони Вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани васоити ахбори оммаи Тоҷикистон  (АМВАОТ) ташкил дода буд, ҷамъбаст гардид.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев дар ин озмун 17 мақолаю барномаҳои телевизионӣ ва радио ворид гардид, ки рӯзноманигорон Шералӣ Саидов, ғолиби ҷои аввал дар бахши телевизион ва радио ва Носирҷон Маъмурзода, дар бахши маводи онлайнӣ ғолиб дониста шуданд.  Ҳамчунин Бибирокия Абдуллоева, Амонҷон Маҳкамов, Маҳмудхоҷа Султонов ва Саидаҳмад Султонов ғолибони дигари ин озмун буданд.

Муфассал...
 
Таҳдиди 30 000 сомонӣ ҷарима барои ифшои мушкили беобӣ
Печать E-mail

Журналисте, ки мехост мушкили беобии сокинони Душанберо матраҳ ва дар ҳалли он мусоидат кунад, акнун дар курсии ҷавобгар мешинад.

Ба Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори собиқи ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки аз сӯи идораи "Обу корези Душанбе" ба додгоҳ кашида шудааст, пардохти товон дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад. Раҳбари ин ниҳодро сарлавҳаи матлаби журналист - "Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?" - ба хашм овард ва ӯ аз болои муаллиф Ҳасан Шокирзода ба додгоҳи Фирдавсии пойтахт шикоят бурд. Корхона далелҳои дар мақоларо носаҳеҳ номид ва аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. 

Муфассал...
 
Додгоҳ шикояти кассатсионии Гулмуродзодаро қабул кардааст
Печать E-mail

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷикро, ки ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ду сол равонаи зиндон шуд, қабул намудааст.

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Гулмуродзода корманди он буд, ба “Озодагон” гуфт, дар арзизаи шикоятӣ гуфта шудааст, парванда ғайримунсифона ва ғайриобъективона баҳо дода шудааст ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ба ин масъала расидагӣ кунад.

Муфассал...
 
Аризаи Гулмуродзода охири ҳафта баррасӣ мешавад
Печать E-mail

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи кассатсионии Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ду соли зиндон маҳкум кардааст охири ҳамин ҳафта баррасӣ хоҳад кард

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон рӯзи 26 август хабар дод ва афзуд, ки дар ариза далелҳои беасос будани иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо, ки гуё аз ҷониби Аминҷон сурат гирифта бошад пешниҳод шудааст.

Муфассал...
 
Об то куҷо меояд? Ё баҳси додгоҳии "Обу корези Душанбе" ва журналист
Печать E-mail

КВД «Обу корези Душанбе» барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои рӯзноманигори "Тоҷикистон” ба додгоҳ шикоят бурдааст.КВД «Обу корези Душанбе» барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои муалифи он Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба додгоҳи Фирдавсӣ шикоят бурдааст.


Ин корхона фактҳои дар мақола нашршударо носаҳҳеҳ номида, аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки ҳамчун  ҷуброни маънавӣ ба даъвогар 30 ҳазор сомонӣ ҷаримапулӣ пардохт кунад.  Вуҷуди чунин даъворо дар дафтари матбуоти додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам рӯзи 26 август ба радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Масъулин мегӯянд, ки аризаи шикоятии раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Файзулло Юсуфов дар мавриди мақолаи ҳафтаномаи “ Тоҷикистон” - “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” ба додгоҳ ворид шуда ҳоло ин қазия дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад. Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ин баҳсро додрас Бахтиёр Абдураҳмонов мавриди омӯзиш қарор додааст ва дар назар аст дар ҳафтаи оянда мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад. Ҳасан Шокирзода рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва муалифи мақолаи ҷанҷолбарангез  ба радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки мақолаи ӯ дар таърихи 18 декабри соли 2014  ба нашр расид, раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе»  ба хашм омад.
Муаллиф матлаби худро “як памфлет” меномад, ки бар асоси  фактҳои воқеии мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарсидани об матраҳ шуда, назари  сокинони манзилҳои  истиқоматӣ ва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд. Ҳасан Шокирзода гуфт, дар матлаб вазъи чаҳор маҳаллаи Душанбе,  аз ҷумла “Якум Советский”, маҳаллаи Сирк, Яккачинор ва “Дустӣ” тасвир шуда буд.  Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ки дар арзиаи КВД “Обу корези Душанбе” зикр шудааст, ки  дар давоми чанд моҳи баъди нашри ин мақола  муассисаи давлатӣ  фактҳои дар матлаби  “Тоҷикистон” овардашударо мӯшикофона санҷида,  маълум кардааст, ки на ҳамаи сокинони ин маҳаллаҳо, танҳо баъзеашон аз набуди об азият мешаванд.
Рӯзноманигор Ҳасан Шокирзода мегӯяд, замони нашри мақола муҳим аст, ба он хотир, ки фактҳои то ба ошёнаҳои баланд нарасидани об моҳи декабрро дар бар мегирад ва вазъи баландошёнаҳоро дар фасли зимистон тасвир мекунад. Ҳоло ӯ умедвор аст, ки дар мурофиаи судӣ дурустии далелҳои дар мақола нашркардаашро собит мекунад. Дар робита ба баҳси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо КВД “Обу корези Душанбе” НАНСМИТ – Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Сӯҳроб Пулотов - вакили дифоъро барои ҳимояти ҳуқуқи журналист сафарбар кардааст.

 

Ozodi

 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер