Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

Буҷети радиои “Озодӣ” - 1 миллиону 603 ҳазор доллар
Печать E-mail

Ҳукумати ИМА хароҷоти солонааш барои “Озодӣ”, бахши тоҷикии радиои “Аврупои Озод – Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки маблағи он аз буҷаи расонаҳои кишвар ба маротиб бештар мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА нимаи дуюми моҳи сентябр ҳисоботи солонаи дипломатияи мардумӣ ва расонаҳои хориҷиаш дар соли 2014 дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро расонаӣ кардааст. Тибқи он, ИМА барои буҷаи бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” дар соли 2014 1 миллиону 603 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Барои пахши барномаҳо маблағи иловагӣ дар ҳудуди 80 ҳазор доллар пардохт мешавад.

Муфассал...
 
Баъди Акбари Саттор киро раиси Иттифоқи журналистон дидан мехоҳед?
Печать E-mail

Наздик ба 50 рӯз мешавад Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва яке аз соҳибрасонаҳои муваффақ миёни мо нест. Тамоми ҷомеаи журналистӣ аз Акбари Саттор ба некӣ ёд мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ӯ Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт, дубора зинда кард. Ҳанӯз раҳбари нави Иттифоқи журналистон муайян нашудааст. Бархеҳо ба ин суол ҷавоб мехоҳанд, ки раҳбари нав ин ниҳодро метавонад дар сатҳи замони раҳбарии Акбари Саттор нигоҳ дорад ё онро ба “асли хеш” бармегардонад? Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибрасонаҳо, раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони маъруф пурсид: КИРО РАИСИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДИДАН МЕХОҲЕД?

Муфассал...
 
Дастури мақомот: Сомонаи “Озодагон” масдуд шуд
Печать E-mail

Ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Озодагон”-ро масдуд кардаанд. Манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ин иқдом бо дастури Хадамоти алоқа “барои гузарондани корҳои профилактикӣ”роҳандозӣ шудааст. 

Муфассал...
 
Мактаби №25-и Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шуд
Печать E-mail

Мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи марҳум Акбари Саттор гузошта шуд.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ба хабаргузории TojNews гуфт, имрӯз, 7-уми октябр дар иҷлосияи 3-юми даъвати 5-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мактаби №25-и деҳаи Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта шуд. Рустои Мортеппа зодгоҳи Акбари Саттор, собиқ раҳбари Иттифоқи журналистон мебошад. Раиси ноҳия мегӯяд, инчунин тасмим доранд, як кӯчаеро дар маркази ноҳия ба номи Акбари Саттор гузоранд.

Муфассал...
 
Давлатзода 50 корманди ҳирфаии «Сафина»-ро аз кор ронд
Печать E-mail

Як гурӯҳи 50-нафараи кормандони Телевизиони Сафина тарки кор кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони ин муссиса Зевар Давлатзода бо омаданаш бар сари вазифаи директорӣ ба онҳо имконияти кор карданро надодааст.Ва ба фаъолияти эҷодии аксарият низ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуда, бо омаданаш фавран рӯзноманигорон ва режиссёрҳое, ки ба таври шартномавӣ фаъолият мекарданд, озод карда гуфтааст, ки «бо шарномачиҳо кор намекунам». Аз ҷумла Зиё Сафаров, режиссёри собиқадору таҷрибаи хуби корӣ додашта, ки тариқи шартномавӣ фаъолият мекардааст, маҷбур шудааст, ки аз кор равад.

Муфассал...
 
«Мусодира»-и шумораи нави «Фараж» дар Ваҳдат
Печать E-mail

Субҳи 1-уми октябр як нафар аз шаҳри Ваҳдат, ки ба фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳои мустақил сарукор дорад, ба Faraj.tj дар мавриди аз дӯконаш «мусодира» гардидани шумораи навиҳафтаномаи «Фараж» шикоят намуд.

Ба қавли ин рӯзномафурӯш, рӯзи гузашта чанд нафар аз намояндагониҲукумати шаҳри Ваҳдат дар назди дӯкони ӯ ҳозир шуда, ҳамаи шумораи нави ҳафтаномаро «мусодира» карда, бе пардохти маблағ бо худ бурдаанд. Онҳо ба ӯ гуфтаанд, ки ба Ҳукумати шаҳр биёяд.

Муфассал...
 
Ҳукми Аминҷон Гулмуродзода бетағйир монд
Печать E-mail

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Аминҷон Гулмуродзода, журналисти Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистонро бидуни тағйир боқӣ гузошт.Мурофиаи бозбинии парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода баъд аз зуҳри имрӯз, 30 сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки теъдоди зиёде аз ҳамкорону хабарнигорон дар он ширкат доштанд.

Муфассал...
 
Ба Коррупсия шикоят накунед, Исозода ҳабс мекунад!
Печать E-mail

Номи судяе, ки бовар кард Аминҷон Гулмуродзодаи шашсола ду бор аз ду кишвар шаҳодатномаи таваллуд гирифту ду сол аз озодӣ маҳрум бояд шавад, дубора дар сархати хабарҳо аст. Ин бор ӯ бо ҳукми қабулкардааш шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки мабодо ба даргоҳи оҷонсии коррупсия барои шикоят аз порагирию порахоҳии мансабдорон нараванд, ки аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Чанде пеш додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муфаттиши ШКД-и ноҳияи Фирдавсиро, ки бо ҷурми ришваситонӣ муттаҳам мешуд, аз толори додгоҳ озод кард. Вале нафари миёнараве, ки гӯё муфаттишро «зора карда-зора карда» ба гирифтани пора маҷбур намудааст, ба ду соли зиндони шартӣ маҳкум шуд.

Муфассал...
 
Фейсбук ва Ютуб дар Тоҷикистон боз шуд, Озодӣ - ҳанӯз на
Печать E-mail

Баъди қариб як моҳ дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбук, Ютуб ва Однокласнники дар Тоҷикистон пурра барқарор шудааст, вале дастрасӣ ба сомонаи Озодӣ маҳдуд боқӣ мемонад.

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон аз 21 сентябр пурра барқарор шуда, аз 22 сентябр шабакаҳои Ютуб ва Одноклассники низ дар дастраси ҳамагон қарор гирифтаанд.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер