Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон

Обращение Совета по средствам массовой информации Республики Таджикистан
Печать E-mail

Дорогие коллеги!

Как известно, в ближайшие дни в Таджикистане официально стартует важная политическая кампания – президентские выборы. Но, с учетом содержания разнообразных материалов, которые распространяются через периодическую печать и электронные СМИ, можно сказать, что информационное пространство уже заражено темой выборов.

К сожалению, содержание подобных материалов свидетельствует о том, что не всегда СМИ и журналисты соблюдают положения связанные с «Этическими нормами журналистской деятельности в Таджикистане». Исходя из этого и по той причине, что информационное пространство станет еще более напряженным с официальным началом выборов, мы сочли необходимым непосредственно обратиться к Вам.

Муфассал...
 
Муроҷиатномаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Печать E-mail

Ҳамкасбони гиромӣ!

Таври маълум, рӯзҳои наздик маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон расман шурӯъ мегардад. Аммо бо дарназардошти мӯҳтавои матолиби мухталиф, ки аз тариқи матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии воситаҳои ахбори омма (ВАО) пахш мегарданд, гуфтан мумкин аст, ки фазои иттилоотӣ аллакай интихоботолуда мебошад.

Мутаассифона, мӯҳтавои ин гуна матолиб гувоҳӣ аз он медиҳад, ки на ҳамеша ВАО ва журналистон муќаррароти вобаста ба «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро риоя мекунанд. Аз ин хотир ва бо сабаби он, ки фазои иттилоотии интихобот бо расман шурӯъ гардидани он, шиддати бештар мегирад, мо зарур донистем бевосита ба шумо муроҷиат намоем.

Муфассал...
 
Журналистон банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО-ро омӯхтанд
Печать E-mail

Як гурӯҳ муассисон ва намояндагони ВАО давраи омӯзишии “Банақшагирии стратегии фаъолияти ВАО”-ро, ки Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор намуд, ширкат карданд.

Семинари омӯзишӣ рӯзҳои 11 то 13-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нуриддин Қаршибоев, сарвари АМВАОМТ дар бораи ин иқдом чунин гуфт: «Банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон мутаассифона, вуҷуд надорад. Ҳол он ки  ҳама гуна иқдом мувофиқи як нақшаи муайян ва стратегияи муайян рушд ёбад, то ки рӯзноманигорон ва соҳибони нашрияҳо, сардабирон ва ҳамаи онҳое, ки дар ВАО кор мекунанд, дурнамои фаъолияти худашонро тасаввур карда тавонанд ва дар ҳар замон сари рисолати аслии рӯзноманигорӣ андеша кунанд, ки то кадом дараҷа онҳо рисолати худро иҷро мекунанд ва ин рисолат ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа аст?»

Муфассал...
 
Оё зарурияте барои таъсиси шӯрои ВАО буд?
Печать E-mail

Дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд

фото1

дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд

Аз таъсиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон як сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе, 2 декабри соли 2010 конфронси солонаи ин ташкилоти рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дабири кулли ин ташкилот Мухтор Боқизода зимни посух ба ин суол изҳор дошт, ки тайи солҳои охир дар фазои матбуоти Тоҷикистон ҳафтаномаҳои мустақил ва дигар расонаҳои гуногуни хабарӣ ба фаъолият шурӯъ карданд ва рӯзноманигорони ҷавон ва ё нафароне, ки навишта метавонанд, дар онҳо ба кор ҷалб гардиданд, ки аз одоби касбият бархурдор нестанд

Муфассал...
 
Дар остонаи яксолагии худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон
Печать E-mail

И.К.Усмонов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, профессор

Дар назари ман ҳамеша чунин менамуд, ки вазифаи воситаи ахбори омма, вазифаи адабиёт ва вазифаи дигар ҳунари халлоқӣ дашном додану таҳқир кардан нест. Ба он ақида будам, ки барои камбудӣ ва гуноҳи касе ӯро дашном додан, таҳқир кардан ва ба ҳадди фаҳми худ пасту ночиз кардан, нафақат мӯҳим нест, балки гуноҳ ҳам ҳаст. Вақте синфи нӯҳум мехондам, дар бораи муаллими фанни «Асосҳои истеҳсолот»-и мо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фелйетоне чоп кард, ки аз ҷумла дар он тахминан ин гап буд. «Варами пушти гардани муаллим аз хӯрдани ҳаққи талабагон пайдо шудааст». Аслан вай варам иллати модарзодии муаллим буд. Муттаасифона, журналист ҳамонро таъна зада буд. Чи истифодаи сӯе мекардем мо бачаҳо, бехабар аз он ки дили муаллим ба чи тӯфоне гирифтор шудааст. Барои мо муҳим ба ҳоли муаллим хандидан буд. Беадабии журналист ҳамсанги тарозуи беадабонаи мо-бачаҳои наврас буд. Баъдтар дар зиндагӣ чунин ҳолати нобасомонро борҳо мушоҳида кардам, гарчи дар замони шӯравӣ ҳизб ва давлат лаҷоми матбуотро сахт ба даст медошт, беадабӣ кардан намемонд, чунки матбуот, радио ва телевизион соҳиб дошт, соҳиб виҷдон дошт ва виҷдони худашро эҳтиром мекард. Ҳоло чунин муносибатро ҳукумат ба матбуот, радио ва телевизиони худ дорад, аммо на дар хусуси ҳамаи соҳибони матбуоти шахсӣ инро гуфтан мумкин аст.

Муфассал...
 
Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар тоҷикистон
Печать E-mail

ш. Душанбе, 30 декабри соли 2009

Пешгуфтор
§Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд. 1. Рисолати ВАО ва журналист §Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд. §ВАО ва журналистон бо ин усул обрў ва эътибори буотро  ҳифз мекунанд.

 

Муфассал...
 
Низомномаи шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон
Печать E-mail

Бо қарори Конфронси муассисон аз 30 октябри соли 2009 тасдиқ шудааст

Боби 1. Муқаррароти умумӣ 1.1.

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд. 1.2. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад. 1.3. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад.

Муфассал...
 
JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер