Дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд
дар ҳоле, ки дар кишвар чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ амал мекунанд
Аз таъсиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон як сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе, 2 декабри соли 2010 конфронси солонаи ин ташкилоти рӯзноманигорӣ баргузор гардид.
Дабири кулли ин ташкилот Мухтор Боқизода зимни посух ба ин суол изҳор дошт, ки тайи солҳои охир дар фазои матбуоти Тоҷикистон ҳафтаномаҳои мустақил ва дигар расонаҳои гуногуни хабарӣ ба фаъолият шурӯъ карданд ва рӯзноманигорони ҷавон ва ё нафароне, ки навишта метавонанд, дар онҳо ба кор ҷалб гардиданд, ки аз одоби касбият бархурдор нестанд
И.К.Усмонов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, профессор
Дар назари ман ҳамеша чунин менамуд, ки вазифаи воситаи ахбори омма, вазифаи адабиёт ва вазифаи дигар ҳунари халлоқӣ дашном додану таҳқир кардан нест. Ба он ақида будам, ки барои камбудӣ ва гуноҳи касе ӯро дашном додан, таҳқир кардан ва ба ҳадди фаҳми худ пасту ночиз кардан, нафақат мӯҳим нест, балки гуноҳ ҳам ҳаст. Вақте синфи нӯҳум мехондам, дар бораи муаллими фанни «Асосҳои истеҳсолот»-и мо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фелйетоне чоп кард, ки аз ҷумла дар он тахминан ин гап буд. «Варами пушти гардани муаллим аз хӯрдани ҳаққи талабагон пайдо шудааст». Аслан вай варам иллати модарзодии муаллим буд. Муттаасифона, журналист ҳамонро таъна зада буд. Чи истифодаи сӯе мекардем мо бачаҳо, бехабар аз он ки дили муаллим ба чи тӯфоне гирифтор шудааст. Барои мо муҳим ба ҳоли муаллим хандидан буд. Беадабии журналист ҳамсанги тарозуи беадабонаи мо-бачаҳои наврас буд. Баъдтар дар зиндагӣ чунин ҳолати нобасомонро борҳо мушоҳида кардам, гарчи дар замони шӯравӣ ҳизб ва давлат лаҷоми матбуотро сахт ба даст медошт, беадабӣ кардан намемонд, чунки матбуот, радио ва телевизион соҳиб дошт, соҳиб виҷдон дошт ва виҷдони худашро эҳтиром мекард. Ҳоло чунин муносибатро ҳукумат ба матбуот, радио ва телевизиони худ дорад, аммо на дар хусуси ҳамаи соҳибони матбуоти шахсӣ инро гуфтан мумкин аст.
ш. Душанбе, 30 декабри соли 2009
Пешгуфтор
§Ҷомеаи журналистони Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд. 1. Рисолати ВАО ва журналист §Ҳақиқатнигорӣ, воқеиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар Тоҷикистон мебошанд. §ВАО ва журналистон бо ин усул обрў ва эътибори буотро ҳифз мекунанд.
Бо қарори Конфронси муассисон аз 30 октябри соли 2009 тасдиқ шудааст
Боби 1. Муқаррароти умумӣ 1.1.
Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд. 1.2. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад. 1.3. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад.