Рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода натиҷаи таҳқиқаш дар бораи таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлонро нашр кардааст.
Носирҷон Маъмурзода ба TojNews гуфт, таҳқиқи ӯ дар китобе таҳти унвони “Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд” аз чоп баромад.
Китоби мазкур дар нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 200 нусха ба табъ расида, дар он аз таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлон сухан меравад.
Ба гуфтаи муаллиф, “ин яке аз нахустин кӯшиши пажӯҳиш ва аз нуқтаи назари илмӣ арзёбӣ кардани таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии вилояти Хатлон мебошад.”
Дар рисола ҳамчунин таълифоти муаллиф доир ба заминаҳои пайдоиши ВАО-и минтақавӣ дар Тоҷикистон, вазъият, тамоюлҳо, инчунин дурнамои рушди журналистика дар вилояти Хатлон ҷой гирифтааст.
Шоми 2-юми ноябр, дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ютуб, Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакте ва бархе сомонаҳои хабарӣ маҳдуд гардид.
Аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет ба “Озодагон” роҳандозии маҳдудиятро тасдиқ карда, афзуданд, ки сабаби ин иқдом ба онҳо шарҳ дода нашудааст.
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар рӯзи ҷаҳонии поён додан ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигороан гуфт, дар як даҳаи гузашта беш аз 800 рӯзноманигор кушта шудааст. ӯ таъкид кард, ки дар ҳар панҷ рӯз як журналист кушата мешавад ва давлатҳо бояд ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон хотима гузоранд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ даъват намудааст, ки аз нашри матолиби марбут ба ҲНИТ даст кашанд.
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, “раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд”.