Недоступен ни однин перевод.

Ахиран декани ҳангомасози факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаҳҳори Расулиён, ки пайваста бо сабаби таърихчӣ буданаш мавриди интиқод қарор мегирифт, ба истеъфо рафт. Яку якбора аз кор рафтани ӯ шубҳаеро ба бор овардааст, ки чаро ӯ натавонист зиёд дар маснади ишғолкардаи худ истад?

Норӯшанӣ дар истеъфо

Таври маълум, замоне, ки Қаҳҳори Расулиён сарварии факултаи рӯзноманигориро бар ӯҳда гирифт, алоқамандони соҳа изҳори норозигӣ карданд. Он вақт иддаоҳое низ ба миён меомаданд, ки ӯ дастнишондаи ҳукумат аст ва ба хотири дар сатҳи мӯътадил тарбия кардани насли нави журналистон сари кор омадааст. Пас, агар аз рӯи ин нукта андешаронӣ шавад, боз ҳам норӯшан боқӣ мемонад, ки мавсуф маҷбурӣ аз вазифа барканор шуд ё довталабона?

Дар шарҳи сабаби барканории собиқ декан садорати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки «чун Расулиён таърихчӣ буд, бо хости худ ба роҳбарии кафедраи таърихи халқи тоҷик гузашт ва ба ҷояш Ҳайдаров таъин шуд».

Бояд зикр намуд, ки собиқ мудири шӯъбаи Маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фаррух Ҳайдаров номзади илмҳои филологӣ аст. Таваҷҷӯҳдорони соҳаи рӯзноманигориро низ ҳамин чиз ҷалб кардааст, ки чаро чанд соли охир устодони варзидаи факулта аз назар дур мондаву вазифии деканиро шахсони ба қавле «бегона» ишғол менамоянд. Бархе бар ин назаранд, ки агар Қаҳҳори Расулиён воқеан бо хости худ аз вазифа рафта бошад, мебоист ҷои ӯ аз ҳисоби муаллимони журналист пур карда мешуд. Дар ин ҳол, аз номзад ба деканӣ ҳам бархе ёдрас мешаванд. Яъне, яке аз устодони ин факулта, профессор Ҷовид Муқимро арзандаи курсии деканӣ медонанд. Вале боз ҳам суол боқӣ мемонад, ки агар барканории Расулиён хоҳиши ҳукумат бошад, Ҷ. Муқим чӣ гуна дастгирӣ хоҳад ёфт?

Гумон аз «боло»

Ба ҳар ҳол, мушоҳида мешавад, ки барканории собиқ садри факултаи рӯзноманигорӣ доираи журналистони тоҷикро ба андеша кардан водор намудааст. Муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар ин боб андешаронӣ намуда, аз ҷумла мегӯяд: «Ман гумон намекунам, ки Расулиён бо хости худ тарки вазифа карда бошад. Агар чунин аст, эхтироми ман ба он кас даҳчанд хоҳад шуд. Аммо агар ихтисос сабабгор мебуд, ӯро аз аввал дар ин вазифа намемонданд. Ҳоло касе нест, ки гӯяд: «Ман ба ин вазифа мувофиқ нестам». Ҳама гумон мекунанд, ки ҳамадонанд ва ҳамаи вазифаҳоро иҷро карда метавонанд. Дар асл, ба гумони ғолиб, ӯ ба касе аз «боло» маъқул нашудааст».

Аммо нафароне низ ҳастанд, ки дар ин маврид назари дигаргуна доранд. Масалан, рӯзноманигор Ёқуби Саид мегӯяд, ки шакки зиёд надорад, Расулиёнро бидуни хоҳиши худаш сабукдӯш карда бошанд.

- То ҷое, ки устод Расулиёнро мешиносам, як инсони самимӣ ва хоксор аст. Дағдағаи зиёд надорад. Шояд худаш ба ин натиҷа расида бошад, ки беҳтар аст ҷои дигар фаъолият кунад. Ва воқеан кори дуруст кард, ки ин вазифаро канор гузошт. Чун эшонро ҳамчун журналист намешиносанд. Аммо мисли аксарият барои ман ҳам муаммост, ки чаро аз соли 2009 инҷонби деканҳои ин факулта аз берун таъйин мешаванд? Иллат метавонад дуто бошад: ё ба устодони ин факулта эътимод надоранд ва ё шахси арзандаеро пайдо карда наметавонанд. Гарчанде миёни ин устодон афроди лоиқ ба декании факулта ҳастанд,- афзуд ҳамсӯҳбатамон.

Дар боби деканҳои «пиёда»

Дар баробари ҳама назарҳо, бархе аз ҷалби «кадрҳои худӣ» гӯшрас мекунанд. Хабарнигори ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва яке аз журналистони ҷасури тоҷик Ҳарамгули Қодир низ ба довталабона тарки вазифа кардани Расулиён бовар надорад. ӯ мегӯяд: «Бовар надорам, ки Қаҳҳори Расулиён бо хоҳиши худаш аз ин масъулият рафта бошад, аммо агар ба вай пешниҳод карда бошанд, бо назардошти фарҳанги воло доштан ва қаноатманд буданаш «ок» гуфтааст. Албатта, ин кори нодуруст буд, чун ин соҳа нав декани ба истилоҳ серу пури худро ёфта буд. Расулиён ҳамеша бо троллейбуси 12 ба кор мерафту меомад. Ман устодро борҳо дидаам дар ин ҳол. Оё дидаед чунин деканро, ки зиндагии хоксоронае дорад? Деканҳо дар як сол соҳиби мошини шахсӣ мешаванд. Оё Расулиё ба ин расида буд ё не. Бояд ин қабил одамон ректор мешуданд. То ҷойе иттилоъ дорам, декани нави факултаи журналистика аз Данғара аст ва ин худ маънои «кадри худӣ»-и навро ёфтан аст. Аммо сабаби он, ки чаро журналистон дар ин соҳа декан намешаванд, он аст, ки то ба имрӯз мо ҳамин масъаларо ҷиддӣ баррасӣ накардаем, то рӯйи ташаббусҳои ғалат таъсир гузорем. Гузашта аз ин, чунин ташаббусҳо рӯйи журналистикаи ақибрафтаи мо ва беҷуръати мо таъсири худро гузоштааст. Журналистикаи мо 21 сол боз рӯйи ҳамон навовариҳое кор мекунад, ки қаблан ба даст оварда буд».

«Ҷони гап»

Аммо, котиби масъули ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Умаралии Сафаралӣ ба қавле «ҷони гап»-ро гуфт: «Журналистика мисли илми тиб аст, яъне ҳар рӯз як чизи нав ба он ворид мешавад ва аз онҳо бояд огоҳ гардӣ. Қаҳҳори Расулиён шояд бо сабаби пирӣ наметавонист фаъол бошад. Ҳам бисёриҳо фикр мекунанд, ки журналистика сиёсат ё филология аст, аммо ин тавр нест. Вақти он аст, ки журналистикаро ҳамчун илм шиносем. Журналситика бештар ба сиёсат наздик аст, то таъриху филология. Устод Расулиён дуруст кард, ки аз ин вазифа канор рафт. Журналистон демократанд. Ин бошад, ба ҳукумат хуш намеояд. Ҳукумат мехоҳад кадрҳои факултаи журналистика ба ҳукумат содиқ бошанд. Шояд бо ҳамин сабаб аст, ки ба ҳайси декани факулта худи журналистонро интихоб намекунанд. Ин масъала аз соли 2006 оғоз шуд. Саъдуллоевро гирифтанду Гулмуродзодаро (Худо биомурзадаш) монданд, нашуд. Гулов омад, боз ҳам нашуд ва ба хулоса омаданд, ки декан бояд журналист набошад».

Қиёми САЪД, «ФАРАЖ», 28-уми августи соли 2013 №35 (352)

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер