Телевизиони тоҷикии моҳвораии “Сафо”, ки аз Маскав пахш мешавад, хабар медиҳад, ки дастрасӣ ба ин шабака дар Тоҷикистон дигарбора номумкин шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» иттилоъ додаст.

Тавре дар хабар омадаст: “маъмурияти моҳвораи Hotbird 13 ба раҳбарияти СТВ “Сафо” хабар дод, ки мавҷи телевизиони “Сафо” боз аз ҳудуди Душанбе зада шуд. Пахши барномаҳои Сафо соати 13:00 (вақти Маскав)-и рузи 25-уми август аз сар гирифта шуд, аммо баъди мавҷзании навбатӣ фароҳамсозанда маҷбур шуд, хизматрасонӣ ба ТВ “Сафо”-ро қатъ кунад”.

Ин маротиба дуюм аст, ки мавҷи ин телевизион дар қаламрави Тоҷикистон ҳадафи мавҷзан қарор мегирад. Аз ин пеш, масъулини шабака гуфтанд, шурӯъ аз 20-уми август тамошобинон дар Тоҷикистон аз дидани барномаҳояшон маҳрум шудаанд. “Сафо” аз қавли коршиносон мегӯяд, барои мавҷзанӣ аз таҷҳизоти низоми тавлиди Чин истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумитаи ТВ ва радио гуфтаанд, онҳо дастрасӣ ба чунин таҷҳизотро надоранд ва зарурате ҳам барои задани мавҷи “Сафо” нест.

Телевизиони “Сафо” нахустин шабакаи тоҷикии моҳвораӣ дар шаҳри Маскав буда, аввали моҳи август аз тариқи моҳвораи Hotbird (11585/27500) расман ба пахши барномаҳояш оғоз карда буд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер