Недоступен ни однин перевод.

Мурофиаи судии зиёиёни тоҷик алайҳи рӯзноманигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” Олга Тутубалина ба таъхир афтод. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои “Азия-Плюс” Мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина дар бораи ҳифзи шаъну шараф, мартабаи корӣ ва ситонидани ҷуброни зарари маънавӣ боз мавқуф гузошта шуд. Бинобар ҷой доштани иштибоҳот дар таҳияи аризаи даъвогӣ, суд ба даъвогарон ҷиҳати ислоҳи он то 3-юми сентябр муҳлат дод.

 

Даъвои баъзе зиёиён алайҳи Олга Тутубалина аз он сар задаст, ки ӯ дар як матлабаш дар мавриди баргашти шоир Бозор Собир ба Тоҷикистон будааст аз суханони Ленин  "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" интиқод кардааст.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер