Недоступен ни однин перевод.

Акнун барномаҳои радиои «Имрӯз» дар маркази вилояти Бадахшон низ зери мавҷи 107,4 FM пахш мешавад. Дар ин бора Рустами Ҷонӣ, директори Ширкати «Ориёно-Медиа» ба мо иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Рустами Ҷонӣ, радиои «Имрӯз» шабонарӯзӣ дар маркази вилояти Бадахшон пахш мешавад ва дар назар аст нимаи моҳи сентябр пахши барномаҳои радиои мазкур дар шаҳри Кулоб ва ноҳияи Рашт низ ба роҳ монда шавад.

Гуфтанист, ки радиои «Имрӯз» 9-уми августи соли 2007 дар Душанбе таъсис гардида, барномаҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва атрофии онҳо, ноҳияҳои тобеи Марказ пахш мешавад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер