Недоступен ни однин перевод.

Ҳудуди 5 ҳазор мавҷгирҳои моҳвораӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ноҳияи  Қубодиёни вилояти Хатлон ба сокинон тақдим гардид. Дар ин бора Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ иттилоъ додааст.

Бинобар паст будани сифати пасти мавҷҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, сокинони ин ноҳияи наздисарҳадӣ барномаҳои телевизионии ғайрро тамошо мекардаанд. Саъдулло Бекназаров дар ин робита гуфтааст, ки телевизионҳои Тоҷикистонро аксарият тамошо намекунанд. Ба ҳамаашон мавҷгирҳои истеҳсоли чинӣ додем, ки шабакаҳои телевизионии кишвари худамонро тамошо карда, бо ин васила забони давлатиро беҳтар омӯзанд. «Кӯшиш мекунем, ки ҷавонон ҳам бо забони давлатӣ таҳсил кунанд, онро хуб балад бошанд. Ояндаи наздик боз 5 ҳазор адад аз чунин антеннаҳоро дастрас карда, ба мардуми маҳаллӣ мерасонем. Аз моҳи январ сар карда, чунин антеннаҳо мавҷи 14 канали телевизиониро ба тамошогар дастрас хоҳанд кард»,- афзудааст Саъдулло Бекназаров.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер