Темур Варқӣ, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик ҳамчунин масъули шабакаи телевизионии моҳвораии навтаъсис ТВ “Сафо” аз масдуд шудани ин шабака дар Тоҷикистон иттилоъ додааст. 

Ӯ гуфтааст, ки шуруъ аз субҳи 20-уми август ин шабака дар Тоҷикистон масдуд шудааст. Ба навиштаи ӯ дар сафҳаи иҷтимоии "Фейсбук"-иаш, “маълумоти бештарро дар ин хусус дар барномаи хабарӣ пешниҳод хоҳанд кард”. 

Телевизиони “Сафо” нахустин шабакаи телевизионии тоҷикӣ дар моҳвораи Hotbird зери мавҷи 11585/27500 пахш мешавад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер