Хабарнигори  Радиои Бӣӣӣ Искандари Фирӯз, пас аз 11 моҳи табобат ва барқарорсозии саломатиаш, ки бар асари садамаи автомобилӣ ҷароҳати вазнин бардошта буд, аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба кор бармегардад.

Худи Искандари Фирӯз дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба мо гуфт, ки пас аз ташхиси ҳамаҷонибаи саломатиаш дар Ҷумҳурии исломии Эрон, худро хуб ҳис мекунад ва ният дорад аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба Дафтари душанбегии Бӣ-Бӣ-Сӣ ба кори журналистӣ баргардад.

Ҷавоншер – писари Искандар, ки шоми 9 октябри соли гузашта дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (наздики Боғи ҳайвоноти пойтахт) ҳамроҳи падараш ба садаммаи нақлиётӣ дучор шуда буд, афзуд, ки «тӯли ду ҳафтаи ахир табибони як шифохонаи Эрон узвҳои осебдидаи падарамро дигарбора аз ташхис гузаронида, гуфтаанд, ки метавонад асобағалро партофта, ба кор шурӯъ кунад».

odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер