Чанде аз созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи "Азия плюс" ва рӯзноманигори он Олга Тутубалина ба Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуданд.

Вакили дифоъи "Азия плюс"  Шӯҳрат Қудратов ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки дарҳақиқат, созмонҳои фарҳангӣ аризаи худро бо забони давлатӣ ба суд пешниҳод кардаанд.

Ин дафъа ба даъвогарон - Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи улум, иттиҳодияҳои рассомон, оҳангсозон, меъморон ва номзади илми тиб, устоди Кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори  санъатшинос Аскаралӣ Раҷабов и шоир Ҳикмат Раҳмат низ ҳамроҳ шудаанд.

Даъвогарон гуфтаанд, ки матлаби Олга Тутубалина зери унвони «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») “эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад".

Онҳо ҳамчунин иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлаби хеш бо иқтибоси суханони Владимир Ленин - «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», зиёиёнро ба “наҷосат” монанд кардааст, ки таҳқиромез буда, ба онҳо зарари маънавӣ расонидааст.

Ёдрас мешавем, ки қаблан, панҷ созмони эҷодӣ ва Дилбар Абдиева алайҳи Олга Тутубалина  ба Суди иқтисодии пойтахт шикоят бурда буданд, вале бинобар бо забони русӣ пешниҳод шудани ариза ва ба ваколати суди иқтисодӣ мувофиқ набудани мавзӯи баҳс, ариза  пас гардонида шуда буд.

odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер