Барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуот ташкил карда мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.bmt.tj барои инъикоси чорабинии мазкур, сари вақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо дар Маркази матбуот ба рӯзноманигорон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст бо шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизотҳои дигари зарурии алоқа шароит фароҳам намудааст.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер