14-август ба таври санҷишӣ радиои “Азия-Плюс” зери мавҷи 104.4 FM дар вилояти Суғд пахш шуд.

Тавре ин хабаргузории“Азия-Плюс” аз қавли Парвона Аҳрорӣ овардааст, ки ин радиоро шаҳрвандон метавонанд дар шаҳрҳои Хуҷанд, Зафаробод, Чкаловск ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бишнаванд. Пахши амвоҷи ин радио бо дастгирии техникии шаркати«Вавилон-Т» будааст.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки шунавандагони ин радио дар ин манотиқ наздики 600 ҳазор будааст ва дар умум миллион шунавандаро дар бар мегирифтааст.

 

Радиои “Азия-Плюс” дар пойтахт ва ноҳияи тобеи Марказ зери мавҷи 107 FM пахш мешавад.

Ин радио аз 9-уми сентябри соли 2002 то инҷониб фаъолият мекунад ва самти фаъолияташ иттилоотӣ ва мусиқавӣ мебошад.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер