Як гурӯҳ муассисон ва намояндагони ВАО давраи омӯзишии “Банақшагирии стратегии фаъолияти ВАО”-ро, ки Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор намуд, ширкат карданд.

Семинари омӯзишӣ рӯзҳои 11 то 13-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нуриддин Қаршибоев, сарвари АМВАОМТ дар бораи ин иқдом чунин гуфт: «Банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон мутаассифона, вуҷуд надорад. Ҳол он ки  ҳама гуна иқдом мувофиқи як нақшаи муайян ва стратегияи муайян рушд ёбад, то ки рӯзноманигорон ва соҳибони нашрияҳо, сардабирон ва ҳамаи онҳое, ки дар ВАО кор мекунанд, дурнамои фаъолияти худашонро тасаввур карда тавонанд ва дар ҳар замон сари рисолати аслии рӯзноманигорӣ андеша кунанд, ки то кадом дараҷа онҳо рисолати худро иҷро мекунанд ва ин рисолат ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа аст?»

Саидҳомиди Асозода, корманди ҳафтаномаи “Пайк” дар мавриди иштирок дар ин нишаст мегӯяд, ки дар семинар паҳлуҳои мухталифи мавзӯъро аз худ кардем. Бахусус, омӯзиши нақши стратегияи рушди ВАО, банақшагирии фаъолият ва маркетинг дар ВАО барои дурнамои рушди фаъолияти мо муфид хоҳад буд.

Шоҳин Облоқулов, корманди Маркази тадқиқоти журналистӣ дар шаҳри Панҷакент, як тан аз иштирокдори ин семинар, бар ин назар аст:

- Ин ҳамоиши баргузоргардида, яъне банақшагирии стратегии ВАО -и Тоҷикистон, барои мо хеле муҳим буд. Он баҳсу мунозира, дархосту пешниҳодҳои матраҳшуда вобаста ба мавзӯъ ва тавсияҳои  аз ҷониби тренер ироагашта барои фаъолияти ояндаи мо хеле муфид хоҳад буд.

Тибқи иттилои Нуриддин Қаршибоев, баргузории чунин семинар -тренингҳо барои роҳбарон, менеҷерон ва сардабирони ВАО-и вилояти Суғд низ дар назар аст.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер