Бори аввал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазияи хабарнигори Радиои “Озодӣ” Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ дода, гуфт: Қаюмзод бо сабаби вайрон кардани Низомномаи аккредитатсионии вазорати мазкур сабти ном нашудааст.

Ин нуктаро намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ имрӯз, 3-юи май, зимни Конфронси ҷумҳуриявии вазъи имрӯза ва дурнамои ВАО дар Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии баён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иброз дошт.

 

Дар ҳамин ҳол, Ҷунайдулло Ибодов, ҳуқуқшиноси мустақил ба тамдид нашудани аккредитатсияи Абудқаюми Қаюмзод, мухбири Радиои Озодӣ аз ҷониби  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон масъулини васоити ахбори оммаро муқассир донист.

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос, намояндаҳои васоити ахбори омма дар вақти таҳияи қонуни нави Тоҷикистон  “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” сабти ном ва қатъ кардани фаъолияти намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷиро ба дӯши Вазорати корҳои хориҷӣвогузор кардаанд.

-Дар ҳоле, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни баррасии лоиҳаи ин қонун метавонистанд ин масъаларо ба нафъи худ таҳия намоянд, аз ҷумла, қатъ кардани фаъолияти намояндагиҳои ВАО-и хориҷиро дар Тоҷикистон бояд танҳо бо қарори суд амалӣ шавад. Инро ба лоиҳаи қонун ворид накарданд. Дар он сурат, Вазорати корҳои дар хориҷӣ корро то ин ҳад намерасонд, - гуфт Ҷунайдулло Ибодов.

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ", ки Конгресси ИМА маблағгузорӣ мекунад, бинобар аккредитатсия нашуданаш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин радио ронда шуда, аз болои роҳбарияти ин расонаи хориҷӣ барои нақзу ҳуқуқаш ба меҳнат шикоят бурд.

Абдуқаюми Қаюмзод қазияро сиёсӣ хонда, мегӯяд, роҳбарияти радиои мазкур, ба ӯ гуфтаанд то интихобот интизор шавад ва баъд аз баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар назар аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, мукилаш ҳал хоҳад шуд.

Радиои "Озодӣ" барои ин шеваи муносибаташ бо Абдуқаюми Қаюмзод аз ҷониби созмонҳои журналистии Тоҷикистон таҳрим шуд. Ҳамчунин Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон роҳбарияти ин расонаро ба нақзи ҳуқуқи хабарнигоронаш муттаҳам кард.

Амрулоҳи НИЗОМ

TojNews.org-Интишор шуд: 3 май, 2013 - 11:43


 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер