Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли 2013 бо дастгирии молиявии Фонди Миллии дастгирии Демократия (NED) лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» - ро оғоз кард.

Мусоидат ба намояндагони аъзои коалитсияи мубориза бар зидди шиканҷа ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти аҳамияти ҷамъиятидошта ва маълумот дар бораи фаолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Дар доираи лоиҳа сӯроғаи электорнии  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript тартиб дода шудааст, ки рӯзноманигорон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқии хаттӣ вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳад кард, ки ба аъзои Коалитсия ва кормандони ВАО, ки масоили шиканҷаро инъикос мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ медиҳад.

Тибқи суханони директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов, ба ташкилот дархостҳо ва пешниҳодҳои зиёде оид ба эҷод шудани монеъа дар дастрасии маълумот, пешниҳод кардани намунаи дархост ба мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шикоят бурдан нисбати амал ё беамалии шахсони мансабдор ворид мешуданд.

«Мо мехоҳем, дар робита ба масъалаҳои зикршуда машваратҳо ва ёрии ҳуқуқӣ диҳем. Ба ҷуз ин, барои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ВАО дар бораи дастрасӣ ба иттилоот чорабиниҳои таълимӣ гузаронем».

Илова бар ин, дар ҳолатҳои зарурӣ ба аъзои Коатитсияи ва кормандони ВАО барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиӣ дар дастрасӣ ба иттилоот адвокатҳо пешниҳод мегарданд.

Маълумоти мухтасар: «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷмъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ буда, дар он ҳуқуқшиносон ва гурӯҳи адвокатони дорои иҷозатнома фаъолият мекунанд. Ташкилоти мазкур дорои иқтидори таҳлилбуда, фаъолияташ ба ҳифзи манфиатҳои аҳли ҷомеа равона шудааст. Ба лоиҳаи номбурда ҳуқуқшиносон ва адвокатоне ҷалб мешаванд, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқ ва ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаолияти ВАО доранд.

Азия-Плюс. 25/07/2013 09:46

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер