Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бар он ақида аст, ки муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дар бораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳар сурат, ӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дар нисбати журналист дастгирӣ намекунад.

Тавре хабаргузории “Азия-Плюс”овардааст 22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо дар нисбати рӯшанфикрон ва зиёиёни Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳанд ва ин кор аксаран қабл аз мулоқоти доимии президенти мамлакат бо аҳли зиё сурат мегирад.

 

Ҳамчунин вазир гуфтааст: «Ман баробари хондани навиштаҳои Тутубалина гуфтам, ки ин хонум аз ҳад гузаронидааст. Зеро нисбат ба зиёиён эродҳои хеле зиёд буданд, лекин ба ин дараҷа, ки ба иззати нафси онҳо расида бошанд, онҳоро таҳқир карда бошанд, то имрӯз нашуда буд».

Ӯ бовар дорад, ки таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири миллат аст ва миллатро бо зиёиёнаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори тамоми фикру мулоҳизаҳое мебошад, ки бар зидди навиштаи Тутубалина садо доданд. Аммо, ба гуфтаи М.Асрорӣ, ӯ муроҷиати даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро ба суди иқтисодии шаҳр дастгирӣ намекунад.

Ҳамчунин Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр кардааст, ки: «Дар мавриди ба маҳкама кашидани ӯ ҳамфикр нестам, чун ин ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодаем дар шахсияти Тутубалина, ки шояд кирои ин қадар воҳима кардан набошад. Лекин ҷавоб додан зарур аст».

Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи июл аҳли зиё ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ дар нисбати муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Даъвогарон барои ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – «Азия-Плюс» 200 ҳазор сомонӣ пардозанд. Сабаби даъво андешаи шахсии О.Тутубалина гашт, ки зери сарлавҳаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» нашр шуд.

Odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер