Сомонаи Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Odob.tj фаъол шуд.  Дар ин бора ба АМИТ “Ховар”аз Шӯрои ВАО-и ҶТ хабар доданд.

Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳи Шарифзода гуфт, ки сомонаи Odob.tj ба хотири мусоидат дар татбиқи "Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон" ва инъикоси фаъолияти ниҳоди танзимгари он -Шӯрои ВАО-и ҶТ таъсис ёфтааст. Дар баробари ин кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар сомона вобаста ба масъалаҳои мубрами вазъи озодии сухан ва рушди журналистикаи миллӣ хабару гузоришҳо пахш гарданд.

 

“Ҳоло ки Шӯрои ВАО дар ҳамдастӣ бо Дафтари САҲА дар Душанбе ба татбиқи лоиҳаи "Меъёрҳои ахлоқӣ" пардохтааст ва дар доираи он матолиби ВАО-и чопӣ ва электрониро дар заминаи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданист, огоҳӣ аз мавқеъ ва вокуниши ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа тавассути гўшаи "Тамос бо мо"-и сомона бароямон хеле муҳим аст”, - зикр намуд Қироншоҳи Шарифзода.

Ёдрас мешавем, ки Шӯрои ВАО-и ҶТ ба ҳайси мақоми ҷамъиятии мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО 30 октябри соли 2009 таъсис шудааст. Муассисони ин Шӯро созмонҳои журналистии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, АМВАОМТ, ширкатҳои расонаҳои “Азия-Плюс”, “Чархи гардун”, «Оила» ва чандеи дигар мебошанд.

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар»).

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер