ВВС-Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 03 Май соли 2013 - 11:38: Дар ҳамоише дар иртибот ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот вазъи озодии баён дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Созмонҳои расонаӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони Тоҷикистон хостори ҳазфи муфоди марбут ба тавҳину таҳқир ба Раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти давлатӣ аз қонуни ҷинойӣ шуданд.

Созмонҳои расонаӣ ин мавзӯъро дар ҳамоиши “Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон”, ки рӯзи ҷумъаи 3 май, дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуъот дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ карданд.

Ширкаткунадагони ин ҳамоиш ҳамчунин дар робита ба беҳбуди вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ва таъмини ширкати озоди хабарнигорон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба давлати ин кишвар пешниҳодҳо таҳия карданд.

Аз ҷумла Абдуқаюм Юсуфзод, ҳуқуқдон ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, гуфт ҳазфи моддаи 137 (таҳқири умумии Президент) ва 330 (таҳқири умумии намояндаи давлат) аз қонуни кайфарии кишвар як гоми муҳимм ва мушаххас дар роҳи иҷрои моддаи 5-уми Қонуни асосии Тоҷикистон хоҳад буд.

Ӯ афзуд, ки дар ин моддаи Қонуни асосӣ омадааст, ки новобаста аз ҷинс, миллият, мазҳаб ва мақому манзалат ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди қонун баробаранд ва боқӣ мондани ин ду модда дар қонуни ҷинойӣ ин баробариро халалдор мекунад.

Оқои Юсуфзод гуфт: “Ҳоло як гурӯҳи кории давлати Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷинойӣ ва ғайриҷинойӣ кардани баъзе амалу кирдорҳо фаъолият мекунад. Бояд ҷомеъаи рӯзноманигорӣ бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ карда ва ин пешниҳодҳои худро ба онҳо бирасонанд."

Дар моҳи марти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мароисми 100-умин солгарди нашри “Бухорои шариф”, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ хостори ҳазфи муфоди марбут ба тавҳину таҳқир аз қонуни кайфарӣ шуда буд.

Дар моҳи майи ҳамон сол амр иҷро шуд ва мавориди тавҳину таҳқири умумии шаҳрвандон танҳо дар чорчуби парвандаҳои шаҳрвандӣ муҳокима шуда ва барои муқассирон танҳо муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ мешавад.

Ба гуфтаи Абдуқаюм Юсуфзод ба ин тартиб, барои ҳоло дар кишвар тавҳину таҳқири ақшори поёнии ҷомеъа муҷозоти маъмурӣ дар назар гирифта шуда ва барои таҳқири раиси ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва муҷозот сангинтар аст.

Родию барои тоҷикони бурунмарзӣ

Дуктур Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик пешниҳод кард, ба хотири ҳифзу нумӯъи забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни тоҷикони бурунмарзӣ, барномаҳои вижаи родиюӣ барои ин мақула роҳандозӣ шавад.

Ба гуфтаи оқои Усмонов, феълан дар Чин, вилояти Хуросони Эрон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳудуди 35 милюн тоҷик ба сар бурда ва онҳо дар нигаҳдории забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба мушкилот мувоҷеҳ ҳастанд.

Гуфта мешавад, дар солҳои қаблӣ родиюи бурунмарзии Тоҷикистон ба забонҳои форсӣ, дарӣ, арабӣ ва инглисӣ барномаҳо пахш карда, аммо ҳоло "рисолати қаблии худро" анҷом намедодааст. Таъкид шуд, ки ин родои давлатӣ буда ва дар барномаҳои ин родию матраҳ шудани мушкилоти тоҷикони бурунмарзӣ, метавонад навъе мудохила ба умури дохилии кишварҳои ҳамсоя талаққӣ шавад.

Аз ин лиҳоз, Иброҳим Усмонов пешниҳод кард, родиюи ҷадиди бурунмарзӣ бояд ҷамъиятӣ буда ва аз ҷониби созмонҳои хабарнигорӣ ва расонаҳои мустақил таъсис шавад.

Зимнан, дар соли 2006 руасои ҷумҳурии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавриди таъсиси телевизиюни форсӣ тавофуқ карда, аммо то ҳол ин тарҳ амалӣ нашудааст.

Оқои Усмонов далели ин амрро ба тафовути ҷиддӣ дар низоми давлатӣ ва урфу одоти ин се кишвари форсизабон унвон карда ва гуфт, ки барномаҳои кунсертии тоҷикӣ барои пахш дар телевизиюни Эрон ва баръакс пахши бархе аз барномаҳои эронӣ дар Тоҷикистон қобили қабул нахоҳад буд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер