Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ): 3 майи соли равон дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ватании журналистӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Дар конфронс баррасии вазъи кунунӣ ва муаммоҳои риояи «Меъёрҳои ахлоқи касбии журналистӣ дар Тоҷикистон» , мушкилоти гузариш ба пахши рақамии телевизион дар Тоҷикистон, проблемаҳои қонунгузорӣ ва қазияҳои судии ВАО- и мустақил, масъалаҳои ҳуқукии ВАО дар маъракаи интихоботӣ баррас хоҳанд шуд.

Ҳамчунин супоридани Ҷоизаи ИЖТ «Дастрастарин вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ»; Ҷоизаи Медиа- Алянси Тоҷикистон ба номи Отахон Латифӣ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев; Ҷоизаи Маркази тадқиқоти журналистӣ ба номи Пайванди Гулмуродзода ва Ҷумъабой Толибов ; ҷоизаҳои гуруҳи расонаҳои иттилоотии «Озодагон» , ҷоизаҳои ТҶ «ИНДЕМ», Ҷоизаи Бунёди Муҳиддин Олимпур «Бинишвар» (барои суратҳои беҳтарин дар 3 бахш) , Ҷоизаи радиои «Ватан» барои озмуни варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шӯрои ВАО-и ҶТ иттилоъ доданд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер