Ҳамкасбони гиромӣ!

Шӯрои ВАО-и ҶТ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии матбуот (3 май) иқдомоти зайлро роҳандозӣ намоед:

1) Нашру пахши силсилаи барномаву матолиб перомуни вазъи озодии сухан ва муаммову пешомадҳои он;

2) - Ба хотири гиромидошти ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён, аз тариқи шабакаҳои Радио ва Телевизион эълон намудани Лаҳзаи сукут дар рӯзи 3 май;

- Бо ин мақсад, рамзан холӣ мондани 1 ё 0,5 сутуни саҳифаи аввали нашрияҳо бо зикри «Ёди журналистони фавтидаву ҳамкасбони шаҳиди роҳи озодии баён ҷовидон бод!»

 

Аз ҳамраъйӣ ва ҳамкориатон қаблан сипосгузорем.

Бо эҳтиром: Шарифзода Қироншоҳ,

раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ш.Душанбе,

25.04.2013.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер