Субҳи 19 июли соли ҷорӣ дар дафтари Шӯрои ВАО-и ҶТ мулоқоти намояндагони созмони байналмилалии USAID Марк Коенг (Mark Koeng), мутахассиси шӯъбаи демократия ва давлатдории Дафтари марказии USAID (Вашингтон) ва Мария Стефурак (Maria  Stefurak), мутахассиси калон оид ба рушди ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандии Дафтари минтақавии USAID (Алмаато) бо раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳи Шарифзода баргузор гардид.

Доктор  Марк Коенг ба раванди принсипи худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти Шӯрои ВАО чун ниҳоди ҷамъиятии танзимгари он, гуфт, ки дар кишварҳои ба низоми демократӣ гузардошта ба худтанзимкунӣ рӯй овардани ВАО иқдоми басо ҷолиб аст.

Бону Мария Стефурак талошҳои ҷомеаи журналистии Тоҷикистонро баҳри таҳия ва тадбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» натиҷаи хуби ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, зарурати ҳамкориҳои созмонҳои ҳаммонанди минтақавиро таъкид дошт.

Ҳамсӯҳбатон дар рафти мулоқот инчунин дар бораи вазъи умуми рушди ВАО, омода сохтани журналистони ҷавони чандрасонаӣ, оид ба масъалаҳои мубрами қонунгузории соҳаи ВАО-и Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер