Аз чеҳраҳои матраҳи журналистикаи тоҷик аст. То ҳадде ки рушди  20 соли охири соҳа дар калонтарин вилояти кишварро наметавон аз ному ӯ ҷудо донист.  Ва чун ба зиндагиномааш менигарем, мебинем, ки ҳар кореро, ки оғоз кардааст, аз аввалинҳо будааст. Чунончӣ, меъмори “Вароруд” аст, ки имрӯз як расонаи муътабар дар шимоли кишвар маҳсуб мешавад.

Илҳом Ҷамолиён 18-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи хизматчӣ дида ба олам кушодааст. Таҳсилоти умумиро дар мактаби миёнаи №16 ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, соли 1977, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, бахши журналистикаи онро дар он соли 1982 хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро замоне оғоз кард, ки донишҷӯ буд. Аввали соли 1982 дар ягона шабакаи телевизионии кишвар бахши шабонаи хабарҳо фаъол шуд ва Илҳом Ҷамолиён нахустин корманди он буд. То моҳи октябри соли 1985 дар вазифаҳои муҳаррири хурд ва муҳаррири Сарредаксияи «Ахбор», инчунин муовини сармуҳаррири  Сарредаксияи мусиқӣ кор кардааст.

Се сол (солҳои 1985 – 1987) дар ҳайати гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар Созмони демократии ҷавонони Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Баъди бозгашт муддати бештар аз як сол муншии дуввуми кумитаи комсомоли ноҳия буд ва андаке бештар аз як сол дар вазифаи мудири шуъбаи кумитаи вилоятии комсомол  фаъолият дошт. Ва баъд дубора ба кори журналистика баргашт.

Соли 1990, айёми оғози талошҳои истиқлолхоҳӣ бо зумрае аз ҳамкасбон ва бо пуштибонии мақомоти давлатӣ шабакаи телевизионии вилоятиро фаъол кард, ки аз августи соли 1993 то охири соли 1995 аввал сармуҳаррир ва баъд раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд буд.

Аз соли 1996 то соли 2000 Директори барномаҳои ҶС «Ширкати телевизиону радиои МИР-IBL» буд. Чун аввалин хабарнигори расонаҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд солҳои 1995 – 2002 намояндаи радиои “Озодӣ” (Аврупои озод) дар ин вилоят буд.

Ҳамон солҳо буд, ки бо иддае аз ҳамтоёнаш ҶДММ Оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии «Варорӯд»-ро таъсис дод ва то соли 2007  аввалин омири кулли ин хабаргузорӣ буд. Дар ин муддат Оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии «Варорӯд» ва сомонаи интернетии ҳамноми он - www.varorud.tj, ҳафтаномаҳои «Варорӯд» ва «Ҳамсояҳо»-ро низ таъсис додааст.

Солҳои 90-и асри гузашта, ки Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги ҳамватанӣ печид, фазои носолими он муҳити эҷодиро низ фаро гирифта буд. Дар доираи журналистӣ низ арзёбии рӯйдодҳо ба гунаҳои гуногун буданд. Ва ин ҳолат метавонист як фазои пуртафриқаро ҳоким гардонад. Бобоҷон Икромов, журналисти собиқадор, собиқ Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар мегӯяд, “арзи вуҷуд кардани расонаҳои мустақили чопиву электронӣ дар байни рӯзноманигорон як навъ рақобати солимро ба миён овард. Ҳарчанд солҳои аввал дар байни кормандони матбуот, радиоиву телевизиони давлатӣ ва рузноманигорони мустақил як навъ мухолифати касбӣ мушоҳида мешуд, вале бо ибтикор ва баҳсу талоши рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Илҳом Ҷамолиён дар байни қаламкашон муҳити солими эҷодӣ фароҳам оварда шуд”.

Аммо тақдир ӯро бори дигар ба дару девори ҳокимият наздик овард.  Моҳи январи соли 2007 баъди пирӯзӣ дар озмун ба вазифаи Роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, котиби матбуотии  Раиси вилояти Суғд таъйин мешавад. Бобоҷон Икромов ин саҳифаи фаъолияти Илҳом Ҷамолиёнро хеле пурбор ва арзишманд арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, “чун журналисти ҳирфаӣ тавонист дар як муддати кутоҳ почтаи электронии мустақими Раиси вилояти Суғд, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти двалатии вилоятро таъсис диҳад. Дар ҳамин давра телевизиони вилоят барномаҳои яксоатаи худро дар як шабонарӯз то 8 соат тамдид мекунад, нашрияҳои вилоятӣ аз исми Ленинобод даст кашида, табдили ном мекунанд ва барои расонаҳои хабарӣ ва журналистон “Кохи матбуот” бунёд карда мешавад”.

Ва боз ҳам Илҳом Ҷамолиён аввалин касест, ки ин маҷмааи журналистонро сарварӣ кардааст. Ӯ аз моҳи октябри соли 2010 то апрели соли 2011 нахуст ҳамчун Директори иншооти сохташавандаи «Кохи матбуот» - сармуттахассиси Идораи сохтмони асосиии вилояти Суғд ва аз апрели соли 2011 то январи соли 2013 дар вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Кохи матбуот»-и вилояти Суғд фаъолият кардааст.

Аз моҳи январи соли 2013 бори дигар вазифаи котиби матбуоти Раиси вилояти Суғд ва мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили ҳукумати вилоятро ба уҳда мегирад ва то апрели соли 2014 дар ин вазифа кор мекунад. Алҳол дар вазифаи мушовири матбуотии сарвари бахши вилоятии “Амонатбонк” дар Суғд фаъолият дорад ва ҳамзамон барои донишҷуёни бахши журналистикаи ДДХ ба номи Б.Ғафуров дарс мегӯяд.

Аз соли 2007 инҷониб созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро сарварӣ мекунад.

Ифтихор аз он дорад, ки шарафи шогирдии шодравон, профессор Воҳид Асрорӣ-пири журналистони тоҷикро дошт ва аз ӯ дарси садоқату маҳорат омӯхтааст. Профессор Иброҳим Усмонов, шодравон Отахон Латифӣ, Бобоҷон Икромов, Мансур Султоновро аз устодони нахустини худ медонад. Дар ин росто аз Ҳайрон Осимӣ, корманди нашрияи ноҳиявӣ ва Самеъулло Сайфуллоев зиёдтар ёд мекунад. Мегӯяд “падарам корманди бонк буданд, ман мехостам пайи касби ишон равам. Вале нагузоштанд, гуфтанд бояд журналист шавӣ. Зеро журналистонро ба хотири ҳақиқатнигорӣ дӯст медоштанд. Ва худ бори аввал аз дастам гирифта, пеши устод Ҳайрон Осимӣ оварданд, то ин мулоқот сабақи аввалини журналистӣ шавад”,-ба ёд меорад ӯ.

Бо мукофотҳои давлатӣ ва касбӣ қадрдонӣ шудааст. Тарҳҳояш, аз ҷумла сомонаи Оҷонсии иттилоотӣ–таҳлилии “Варорӯд» соли 2003 Ҷоизаи миллии интернетии Тоҷикистонро дар бахши «Иттилоот ва ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ», ҳафтаномаи «Варорӯд» бошад, дар ҳамин сол Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутиро сазовор шудаанд.

Илҳом Ҷамолиён соли 1991 сазовори Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони вилояти Суғд дар соҳаи журналистика ва соли 2013 ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутиро мушарраф шуд.

«Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, соҳиби Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва дигар нишонҳои ИДМ ва Афғонистон мебошад.

Илҳом Ҷамолиён оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 2 набера аст.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер