Мусоҳибаи Ҷасур Абдуллоев ва Диловар Салимов бо Ҳуҷатуллоҳ Муҷадидӣ, муовини раиси Шӯрои рӯзноманигорони мустақили Афғонистон

- Вазъи имрӯзаи рӯзноманигорон дар Афғонистон чӣ гуна аст? Озодии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Журналист ва журналистикаи Афғонистон, ки дар муқоиса ба кишварҳои минтақа бӯҳрони сисоларо паси сар кардааст, рушд карда истодааст. Ба ҳаде, ки мардуми афғон дар аввал чунин пешравиро чашмдор набуданд. Расонаҳои ҳам савтӣ ва ҳам чопиву тасвирӣ ба ҳади кофӣ, пас аз соли 2001, ба вуҷуд омаданд. Кӯмаки дасти хориҷа барои рушди журналистика дар кишвар тӯли чанд соли охир коҳиш ёфт. Барои тоифаи журналистони афғон дар умум озодӣ вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд, бе монеа дилхоҳ хабарро ба гӯшаву канори Афғонистон расонанд. Қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар давраи Ҳукумати ваҳдати миллӣ бо фармони доктор Ашраф Ғанӣ боз кори журналистонро сабук кард. Ин иқдом ҷилавгирӣ аз маҳдудият барои расонаҳо буд. Вале бо вуҷуди ин, фаъолияти журналистон аз мушкилӣ холӣ нест. Қонуни дастрасӣ ба иттилоот бо намояндагии аъзои ҳукумат, вазорати фарҳанг, вазорати мухобирот ва амнияти Афғонистон ба тасвиб расид, ки болои дастрасӣ ба иттилот таъсиргузор аст. Дар қисмати амният рӯзноманигорон мушкилоти зиёд доранд. Замоне ки як рӯзноманигор мехоҳад дар Афғонистон ба кор оғоз кунад, ӯ бояд ба як хати ҷабҳа дохил шуда, интизори ҳар навъ мушкилӣ бошад. Дар Афғонистон мактабҳои омода намудани рӯзноманигорон низ вуҷуд дорад, аммо дар асл онҳое бештар журналисти хуб мешаванд, ки ба кори матбуот шуғл меварзанд. Дар оғоз ҳудуди 500 рӯзнома ва камтар аз ин радиои маҳалли доштем. Чун аксарияти онҳо аз ҷониби абарқудратҳо пуштибонӣ мешуданд ва наметавонистанд, ки дар Афғонистон обрӯи бештарро ба даст оранд, суқут карданд. Ҳамин тавр метавон гуфт, ки вазъи имрӯзи журналистика дар Афғонистон ҳам хуб аст ва ҳам то андозае мувоҷеҳ ба мушкилӣ шудааст.

- Чӣ гуна мардум ва ё журналистони Афғонистон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд чунин озодиҳоро соҳиб гарданд? Омили аслии ин дар чӣ буд?

- Омили аслӣ дар он буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон нигоҳи хоса дошт. Ҳомид Карзай бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тааҳудотеро имзо карда буд, ки озодии баёнро таъмин мекунад. Ӯ маҷбур буд, ки озодии баёнро таъмин кунад. Чун Афғонистон дар буҳрон қарор дошт, зарурат ба кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дошт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар самти озодии баён фаъолияти хуб нишон дод. Омили дигар ҳавсаламандии худи Ҳомид Карзай буд, ки ҳар навъ интиқоде, ки болояш мешуд, қабул мекард ва касеро ба муҷозот намекашид. Мо дар хотир надорем, ки дар Афғонистон рӯзноманигоре барои интиқод аз Ҳомид Карзай ва ё нафари дигар муҷозот шуда бошад. Ин чиз дар сатҳи поён дида мешавад. Яъне, гоҳо мансабдорон рӯзноманигоронро ба ҷавобгарӣ кашидан мехоҳанд. Чанд сол қабл ду вазир аз болои рӯзноманигорон шикоят бурда буданд, ки аз ҷониби расонаҳои худи онҳо мавриди интиқод қарор гирифтанд. Мисолҳо дар бораи интиқоди мансабдорон аз болои рӯзноманигорон кам ҳам бошад, вуҷуд доранд. Аммо аз ҷониби худи раисҷумҳури Афғонистон ин гуна иқдом амалӣ нашудааст. Рӯзномаҳои Афғонистон аз роҳбари кишвар сахт интиқод мекунанд. Бо омадани Ашраф Ғанӣ умед аст, ки боз ҳам сабукие дар ин ҷода ба вуҷуд ояд. Дар кишвар барномаҳое ҳаст, ки фаъолияти расонаҳоро маҳдуд мекунад. Масалан, Шӯрои амният барномаҳое дошт, ки як андоза маҳдудият болои расонаҳо ба вуҷуд овард. Аввалин икдоми Ашраф Ғанӣ дар ин росто қабули қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилот буд. Бо вуҷуди ин, расонаҳо аз роҳбарияти нави Афғонистон низ интиқод мекарданд, аммо роҳбарият ин ҳамаро мепазирад ва зоҳиран рӯзноманигореро ба ҷавобгарӣ накашидааст. Ман ҳолатеро медонам, ки як хабарнигор мавзӯи марбут ба бозсозиро пайгирӣ кард. Президенти кишвар мустақиман ба хабарнигор занг зада, барои баррасӣ ва таҳлили хуби мавзӯъ аз ӯ изҳори сипос карда, гуфтааст, ки «хуб аст, ки ин мавзӯро ба ин тарз баррасӣ ва таҳқиқ кардӣ». Чунин ҳолатҳо зиёданд. Манзурам он аст, ки тавваҷҷӯҳ ба мушкиле, ки расонаҳо баррасӣ мекунад аз ҷониби ҳукуматдорон дида мешавад. Мо мушкилӣ ҳам дорем. Мушкилӣ дар он аст, ки рӯзноманигорони мо ба иттилоот дастрасӣ надоранд. Масалан, ҳангоми як инфиҷор маълумоти дақиқро дастрас карда наметавонанд. Мақомоти амниятӣ маълумоти дақиқ намедиҳад ё вақте медиҳад, ки хабар моҳияташро гум мекунад.

- Пас аз суқути Шӯравӣ, солҳои 1990 расонаҳо дар Тоҷикистон ба ҳадде озод буданд, ки шояд дар Афғонистони имрӯз набошад. Раиси ҷумҳурро интиқод мекарданд, ӯ касеро ба муҷозот намекашид. Аммо ҳар қадар мо аз он замона дур шудем, ҳар қадар роҳбарони кишвар дигар шуданд, ҳамон ҳад озодии расонаҳо маҳдуд шудан гирифт. Баъд аз гузашти 25 сол ин падида бештар эҳсос мегардад. Оё чунин раванд дар Афғонистон ҳам дида мешавад?

- Ҳамоҳангие, ки имрӯз дар ҷомеаи журналистии Афғонистон дида мешавад, моро мутмаин сохтааст, ки низоми озодӣ дар ин кишвар маҳдуд намешавад. Ҳеҷ як мақомот ва система намехоҳад, ки сирри он дар сархати расонаҳо қарор дошта бошад. Мақомоти дахлдори Афғонистон низ намехоҳанд, ки талафоти бузург диҳанд ва ин аз ҷониби расонаҳо инъикоси худро ёбад.

Дар қонуни кишвар як истилоҳ аст, ки «бояд расонаҳо хилофи амнияти миллӣ амал накунанд, то як вулусволӣ дар дасти мухолифин суқут накунад». Вақте рӯзноманигор мехоҳад аз ҷараёни воқеае гузориш диҳад, мақомоти дахлдор мегӯяд, ки агар ин воқеа расонаӣ шавад, рӯҳияи мухолифин баланд мешавад. Яъне, иттилоъ додан аз ҷараёни баъзе воқеаҳо дар кишвар мухолифи амнияти миллӣ дониста мешавад. Солҳое, ки ман ба ҳайси хабарнигор фаъолият доштам, ҳангоми пахши хабар волии вилоят ба ман занг зада мегуфт, ки агар хабарро расонаӣ кунам, вилоят хароб мешавад. Онҳо бо хотири пинҳон нигоҳ доштани ҷанг дар вулусволӣ фаъолияти рӯзноманигоронро маҳдуд мекунанд. Баъзеҳоро фишор медоданд, баъзеи дигарро пул тақдим мекарданд, то аз иқдоми худ даст кашад. Яъне, вазир мехоҳад коре кунад, ки фасодкорӣ дар дохили идорааш расонаӣ нагардад. Аммо рӯзноманигорон кори худро мекунанд ва ҳамеша аз манфиатҳои миллати худ дифоъ мекунад.

- Ҳамрайъӣ дар миёни рӯзноманигорон чӣ гуна аст?

- Дар Афғонистон ҳамоҳангии журналистон бештар эҳсос мегардад. Ҳатто вақте як рӯзноманигор гирифтори мушкили шахсӣ мегардад, тамоми журналистон ва созмонҳои журналистӣ аз ӯ дифоъ мекунанд. Ҳеҷ як ниҳоду мақомоти давлатӣ наметавонад, ки ҳамоҳангӣ, ҳамрайъӣ ва иттифоқи рӯзноманигоронро барҳам занад. Дар Афғонистон чанд иттиҳод ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар кишвар Шӯрои журналистон вуҷуд дорад.

Барои мисол, вақте Зувайри Ҳотамӣ ҳангоми наворбардории филм мувоҷеҳ ба мушкилӣ гардид, тамоми журналистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз ӯ пуштибонӣ карданд. Ман ҳам мувоҷеҳ ба чунин мушкилӣ шуда будам. Боре ман зиндонӣ шудам. Он замон ниҳодҳои журналистӣ роҳбари амнияти кишварро сахт интиқод карданд ва ман бо мусоидати онҳо аз зиндон озод шудам. 10 рӯз қабл як вакили пурлумон болои яке аз рӯзноманигорони Бағлон фишор овард. Ба ҳадде вакил зери фишори журналистон қарор гирифт, ки худаш рафта аз журналист маъзарат хост. Дар Афғонистон як масал аст, ки «даст расонидан ба журналист, санг задан ба хонаи занбур аст». Мансабдорон дар Афғонистон аз тоифаи журналистон сари тарс доранд.

- Дар Тоҷикистон як падидаи номатлуб мушоҳида мешавад. Шахсони мансабдор, бо истифода аз мансаб ва пуштибонҳояшон дар сатҳи боло, мавқеи расонаҳоро танг кардан мехоҳанд. Дар Афғонистон ҳам чунин ҳолат мушоҳида мешавад?

- Дар Афғонистон то кунун чунин ҳолат рух надодаст, ки як мақомдор аз болои расонае ба суд муроҷиат карда, ҷуброн талаб карда бошад. Шумо шояд дида бошед, ки тариқи телевизион ва рӯзномаҳо ҳамеша аз роҳбари давлат, сарвазир ва бештар аз ҳама вазири молия сахт интиқод мекунанд. Онҳо ҳамеша аз ислоҳот ҳадс мезананд. Аммо ҳеҷ кадоме аз ин мансабдорон натавонистанд, ки як расонаро ба суд кашанд ва ба он ҷавобгар кунанд, ки аз фаъолияти онҳо интиқод кардаанд. Ман гумон мекунам, ки омили ин иттифоқ ва ҳамоҳангии рӯзноманигорон аст.

- Муносибати мардум ба журналистон чӣ гуна аст? Таваҷҷуҳи онҳо ба матбуот бештар аст ё ба воситаҳои электронӣ?

- Бояд гуфт, ки фарҳанги рӯзномахонӣ дар Афғонистон то андозае заиф аст. Қисми зиёди мардуми Афғонистон бесавод ҳастанд. Барои ҳамин, онҳо бештар ба радио ва телевезион таваҷчӯҳ доранд. Вақте мардум мувоҷеҳ ба мушкилӣ мешаванд, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат мекунанд ва чун онҳо корашонро буд накарданд ба расонаҳо шикоят мебаранд. Албатта, ин падида эътимод ва эътибори мардуми Афғонистонро нисбати расонаҳо нишон медиҳад. Мардуми Афғонистон бештар ба расонаҳое эътимод доранд, ки барои субот ва сулҳ дар ин кишвар фаъолият мебаранд. Расонаҳо вақте як масъаларо пайгирӣ мекунанд, то ба сомон расидани он пайи таҳқиқи он мавзӯъ мешаванд. Ҳатто агар масъала ранги судӣ гирад, то рӯзи баромадани ҳалномаи суд расонаҳо он масъаларо пайгирӣ мекунанд. Яъне вақте мардум ба расонаҳо муроҷиат мекунанд, журналистон то ба охир он мавзӯъро пайгирӣ намуда, таҳқиқи онро ба фарҷом мерасонанд ва натиҷаи охирини онро ба мардум нишон медиҳад.

- Дуруст аст, ки аксари расонаҳо дар Афғонистон аз ҷониби абарқудратҳо малғгузорӣ шуда, мақсади пиёда сохтани манфиатҳои хоҷагони худро доранд?

- Дуруст аст, ки бархе аз расонаҳо барномаҳои махсуси худро доранд, ки бешак аз ҷониби донорҳои онҳо тарҳрезӣ шудааст. Аммо мардуми Афғонистон ин навъи расонаҳоро ба ҳайси расонаҳои озод қабул надоранд ва ба онҳо эътимод низ надоранд. Мардум ба ҳамон расонаҳое эътимод дорад, ки воқеияти ҷомеаро инъикос мекунанд ва ба масоили ҳассос даст намезананд. Дар хусуси пуштибонони онҳо чизе гуфтан душвор аст, зеро ин мавзӯъ баҳси ҳуқуқист. Яқин ҳамин аст, ки чунин навъи расонаҳо ба нафъи мардуми Афғонистон нест. Ҳатто созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз ин гуна расонаҳо пуштибонӣ намекунад.

- Агар фарҳанги мутолиа ва таваҷҷӯҳи кам доштани мардум ба расонаҳоро як сӯ гузорем, боз чӣ мушкили дигар дар ҷомеаи журналистии Афғонистон вуҷуд дорад?

- Мушкили асосӣ шароити иқтисодӣ аст. Мушкилоти амниятӣ ҳам бисёр ҷиддист. Илова бар ин, як силсила қонунҳое вуҷуд дорад, ки фаъолияти рӯзноманигоронро дар кишвар маҳдуд мекунад. Мушкили дигар камбуди маҳоратҳои маслакии журналистон аст.

- Расонаҳои ҳукуматӣ чӣ нақш доранд?

- Дар Афғонистон радио ва телевизионҳои миллӣ зиёд фаъолият доранд, ки бештар хабарҳои давлатиро пахш мекунанд. Мардум ба ин таваҷҷӯҳ дорад. Мардуме, ки аз фаъолияти раисиҷумҳур ва парлумони кишвар чизе донистан мехоҳанд, ба ҳамин шабакаҳо бештар рӯ меоранд. Зеро дар ин шабакаҳо ҳаводиси марбут ба давлат нисбат ба дигар навъи расонаҳо хубтар дарҷ мегардад.

- Имрӯз журналистикаи Афғонистонро чӣ побарҷо нигоҳ доштааст?

- Ҳамоҳангии иттиҳодҳо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва бештар аз ин, ҳамрайъӣ миёни худи рӯзноманигорон журналистикаи Афғонистонро нигоҳ доштааст.

- Чанд сол пеш, рӯзноманигори ироқӣ Муртазо Зайдӣ бо нишони он ки Ҷорҷ Буш сабабгори ба хун оғӯшта гардидани кишвараш гардид, кафшашро ба сари ӯ зад. Агар ба Шумо иттифоқ афтад, кафши худро ба сари кӣ мезанед?

- Он чи ки дар Ироқ сурат гирифт аз ҳаводиси дар Афғонситон рухдода ба куллӣ фарқ мекард. Ҳама медонист, ки гунаҳкор Амрико буд ва барномаи ҷанг дар Ироқро худи Буш тарҳрезӣ кардааст. Барои ҳамин, кафш ба самти дақиқ равона шуд. Дар шароити имрӯзаи Афғонистон ба сари кӣ задани кафш ҳанӯз дақиқ нашудааст. Аксарият мавҷудияти қувваҳои хориҷӣ дар Афғонистонро омили аслии озодии журналистика медонанд. Тоифаи дигар мехоҳанд, ки рӯзноманигорон озод буда, ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд ва ба мардум хабари дуруст дода тавонанд. Таҳлили ин ду дидгоҳ мушкил аст. Дар мо журналистоне ҳастанд, ки мегӯянд, Амрико омили ба мушкили гирифтор шудани Афғонистон ҳаст ва агар нерӯҳои он аз ин хок бароянд, мушкилӣ камтар мешавад. Онҳо мегӯянд, қувваҳое, ки имрӯз дар Афғонистон вуҷуд доранд, аз ҷониби Амрико пуштибонӣ шуда, ҳадафҳои ин давлатро пуштибонӣ мекунанд. Аммо тоифаи дигар бар он назаранд, ки дар сурати хориҷ шудани қувваҳои Амрико Афғонистон бештар мувоҷеҳ ба мушкилӣ мегардад. Ба вуҷуд омадани қувваҳои ДИИШ ва Толибон андешаҳои гуногунро ба вуҷуд овард ва то имрӯз низ ташхис нашудааст, ки кӣ сабабгори ба майдони ҷанг кашидани Афғонистон шудааст. Барои ҳамин, то кунун маълум нашудааст, ки бояд кафш ба сари кадоме аз ҷонибҳо зада шавад, магар дар як нукта. Ин ҳам бошад, Покистон аст. Мардуми Афғонистон бар он назаранд, ки Покистон барои ба майдони ҷанг табдил додани Афғонистон бештар нақш дорад. Агар заминасози мушкилот дар Афғонистон нерӯҳои хориҷӣ бошад, пас метавон гуфт, ки Покистон дар ин самт нақши муҳим дорад. Қабл аз ин, мушкилот дар Афғонистонро Шӯравӣ эҷод кард. Давлати Шӯравӣ маҳз ҳукумати Довудхонро барҳам дод. Агар ҳукумати Довудхон барҳам намехӯрд эҳтимол имрӯз мардуми Афғонистон мардуми хушбахт буданд. Он замон дар Афғонистон ҳам муҷоҳидин ва мардуми парчамдор ба вуҷуд омад. Оғозгари бӯҳрон дар Афғонистон Шӯравӣ буд, ки имрӯз аз он чизе боқӣ намондааст.

Яъне, наметавон гуфт, ки кафшро ба сари кӣ зад. Ба сари Шӯравии суқуткарда ё Покистон. Вазъияти Ироқ аз мо ба куллӣ фарқ мекунад. Замоне ки муҷоҳидин вориди Кобул шуданд, вазъ дар кишвар дигар шуд. Он замон раисиҷумҳур устод Бурҳониддин Раббонӣ гуфта буд, ки вуҷуди Афғонистон ниёз ба ҳузури муҷоҳидин надорад. Вақте мухолифин вориди кишвар гардид, вазъ дар кишвар рӯз то рӯз бадтар шуд. Имрӯз Афғонистонро ҷанг фаро гирифтааст. Ин ҳама далели он аст, ки дар кишвар нерӯҳои хориҷӣ вуҷуд дорад.

- Имрӯз вазъ дар кишвар чӣ гуна аст? Ҳукумат тавони истодагариро дорад?

- Вақте Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад, ҳама интизор буданд ҳукумати кунунӣ корҳои азимро ба сомон мерасонад. Қаблан дар Афғонистон дар нуқтаҳое ҷанг сар зада буд, ки то ин замон мардум оромона зиндагӣ мекарданд. Ҳатто як нафар наметавонист, ки аз ҷануб ба самти шимол раҳсипор гардад. Бо вуҷуд омадани Ҳукумати ваҳдати милӣ вазъ то андозае беҳтар гардид. Аммо ба ҳар ҳол, таҳдид вуҷуд дорад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ зоҳиран иродаи худро дар самти беҳтар карани вазъ ва бо ҳам омадани мухолифин нишон медиҳад. Ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ низ дар чанд самт фаъолияти назаррас доранд. Мақомоти дохила бештар мавзӯи нерӯҳои мухолиф, яъне Толибонро матраҳ мекунад. Барномаи махсус барои берун баровандани нерӯҳои хориҷӣ вуҷуд надоранд. Барои ҳамин, ба вуҷуд омадани сулҳ дар кишвар душвор аст.

- Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки Толибон дигар аз ҷанги зиёд хаста шуда, барои ба мувоффиқа расидан бо ҳукумат розӣ ҳастанд, аммо пуштибонҳои онҳо инро намехоҳанд…

- Толибон дар Афғонистон мақсад доранд, ки қудратро ба даст оранд. Ҳадафи пуштибонони Толибон ҷилавгирӣ аз нуфузи Ҳиндустон дар Афғонистон аст. Мардуми Афғонистон ба он боваранд, ки ҳеҷ гоҳ Покистон дар қавли худ истодагарӣ карда наметавонад. Ҳеҷ гоҳ барои истихбороти Покистон қобили таҳаммул нест, ки консулгарии Ҳиндустон дар вилоятҳои сарҳадии Афғонистон мустақар бошад. Барои истихбороти Покистон, ки тақдирсози сиёсати хориҷии ин кишвар аст, қобили таҳаммул нест, ки имрӯз он дӯстие, ки Ҳинду Афғонистон доранд, идома ёбад. Покистон ҳеҷ як низомеро дар Афғонистон дидан намехоҳад, ки бо ҳукумати Ҳинд равобити хуб дошта бошад. Ва ҳам ҳеҷ ҳукумате дар Афғонистон наметавонад бо ду ҷониб, ҳам Покистон ва ҳам Ҳиндустон равобити хуб дошта бошад.

-Гумон намекунед, ки он низоъҳои дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омада муваққатист ва ҳукумат боз дар ин минтақа низоми идораро ба даст медарорад?

- Замоне ки ҷанг дар шимол оғоз шуд ва қисмати зиёди вилояти Қундуз ба дасти Толибон афтод, ҳама ба ин бовар буданд, ки ҳукумат боз тасмим дорад, ки низомро дар ин минтақа ба даст дарорад. Аммо чунин нашуд. Вақте мо мебинем, ки ҳукумат дар идораи Бадахшон заифӣ нишон медиҳад ва манотиқи гуногун ба дасти мухолифин меафтад, андешаи он ки давлат ислоҳотро ба даст гирифта, дар ин минтақа назоратро қавитар мегардонад, то анозае зери суол меравад. Агар давлат хоҳад, бо он нерӯе, ки дорад, ин минтақаҳоро аз мухолифин пок мегардонад. Чун ин ҳама муҳорибаҳо нав оғоз шудааст, давлат метавонад айни замон аз он ҷилагирӣ кунад. Дар акси ҳол, дар оянда пешгирӣ ва муборизаи ҳукумат бо ин қувваҳо душвор мегардад.

- Аз он замоне, ки дар Афғонистон Ҳукумати ваҳдати миллӣ рӯйи кор омад, вақти зиёд гузашт. Имрӯз ҳамкории Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Мардуми Афғонистон аз оғоз ба ҳукумати ваҳдати миллӣ эътимод надоштанд. Бо вуҷуди он ки 10 моҳ аз бавуҷудоии Ҳукумати ваҳдати миллӣ гузашт, то ҳоло сохтори ташкилоти давлат такмил наёфтааст. Парлумон мегӯяд, ки то интихоботи парлумонӣ баргузор нагардад, мо машрӯият дорем, ниҳодҳои ҳуқуқӣ мегӯянд, ки замоне, ки замони кори парлумон ба фарҷом мерасад, дигар машруият надоранд. Раиси ҷумҳур тасмимигиранда аст ва садри аъзам ба он пайравӣ мекунад. Дар баробари он ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай худро роҳбар мегӯяд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ мегӯяд, ки салоҳияти хоса дорад. Зоҳиран, аз аввал маълум буд, ки ҳукумат миёни ин ду нафар 50 ба 50 тақсим мешавад. Ба наздикӣ дар идораи сармоягузории Афғонистон як нафар бо ҳукми доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ муовин муқаррар шуд. Афроди наздик ба Ашраф Ғанӣ ба ин иқдоми ӯ мухолифат нишон доданд. Кор ба ҳаде, расид, ки худи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз ин кор бохабар шуд ва нафари наздик ба худро ба ҳайси раис дар ин ниҳод ба вазифа таъин намуд. Ин гуфтаҳо далел аз он аст, ки онҳо то кунун бо ҳам ба тавофуқ нарасидаанд.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ

-Саломат бошед.

Faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер