Раиси суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансуров 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ, дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди даъвои зиёиёни тоҷик алайҳи рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” гуфт, ки ин даъво ба суди иқтисодӣ тобеият дорад, аммо то куҷо асоснок аст, мо гуфта наметавонем.

Раиси суди олии иқтисодӣ афзудааст, ки ҳаққи дахолат ба ин даъворо надорад ва қарор дар бораи ба баррасӣ гирифтан ё нагирифтанашро танҳо судя қабул хоҳад кард. “То расидан ба марҳилаи кассатсионӣ мо аз ибрози назар дар мавриди ин даъво ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна гуфтугузорҳо худдорӣ мекунем”.

Ба навиштаи  “Озодагон”, суди иқтисодӣ дар номае ба идораи “Азия Плюс” далели ба баррасӣ нагирифтани даъвои зиёиён алайҳи Тутубалинаро дар он гуфтааст, ки аризаи даъвогӣ бо забони русӣ навишта шудааст. Ба даъвогарон барои ислоҳи ин камбудӣ то 22-юми июли соли равон муҳлат дода шудааст.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер