Дар пайи инъикоси барафрохтани парчами Қирғизистон дар болои ду хонаи сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Масъуми муҳаммадраҷаб аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт шудааст.

Ин хабарнигори тоҷик, ки мавзӯи овехтани парчами Қирғизистонро дар болои манзилҳои истиқоматии ду сокини Овчӣ-Қалъаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайгирӣ мекард, аз ҷониби марзбонҳои қирғиз боздошт гардид. Ахбори боздошти хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз тарафи яке аз сокинони Овчӣ-Қалъача, ки дар болои хонааш парчами Қирғизистонро парафшон намуда буданд, рӯзи душанбе расонаӣ гардида пасон ин итттилоро Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ тасдиқ намуд.

Сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева сабаби боздошти хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар нақзи убури қоидаҳои марзӣ ва давлатӣ унвон намудааст. Ба гуфти ӯ ин амал ҷавобгарии маъмурӣ дошта шахсияти хабарнигор ва ҳуҷҷатҳояш тафтиш шуда пасон протакол тартиб дода хоҳад шуд.

Хонум Гулмира Борубоева гуфтааст, пас аз тартиб додани санад Масъуми Муҳаммадраҷаб аз боздошт раҳо хоҳад шуд, вале ӯ нагӯфтааст, ин кай анҷом меёбад.

Аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ гуфтаанд, аз ин огоҳ ҳастанд ва барои мунсифона ҳал намудани қазияи мазкур кӯшиш намуда истодаанд.

Faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер